Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бинисумчи деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон дидан намуданд.
Майдони умумии хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон 1 гектар буда, дар шафати он 23 гектар замини чунин боғҳои серҳосил мавҷуд аст.
Ҳосили пурбори себҳои “Зарринтоб”, “Ситораи кӯҳсор” ва ноки Нозанин, ки навъҳои асосии меваҳои боғро дар ин минтақа ташкил медиҳанд, заҳмати садоқатмандонаи боғдорон арзёбӣ гардид.