Ахбор

Соли 2022 табодули мол байни Тоҷикистон ва Русия қариб 2 миллиард долларро ташкил дод

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 18:00

Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон  Русия дар зинаи аввал қарор дошта, тайи соли сипаригардида табодули мол байни Тоҷикистон ва Русия 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки дар таърихи муносибатҳои иқтисодии  ду давлат дастоварди бузург мебошад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси нуҳум оид ба  ҳамкории байниминтақавиии Тоҷикистон ва Русия доир ба  тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни ду давлат  оғоз гардид.

Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 116 млн сомонӣ кумак расонида шуд

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 17:00

Соли сипаригардида ба 220 000 оила аз табақаҳои осебпазири аҳолии Точикистон  дар маҷмуъ 116 млн 178 ҳазору 464 сомонӣ кумак расонида шуд. Дар ин хусус сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Соима Муҳаббатова зимни баргузории маҳфили «Тавозун» иттилоъ дод.

Соҳибкорон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Русия аз вилояти Хатлон дидан намуданд

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 16:58

1 март гурӯҳи кории соҳибкорон ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо имконоти саноатии вилоят шинос гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Зимни боздид меҳмонон бо фаъолияти калонтарин корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар Осиёи Миёна «Мармарӣ» шинос шуданд.

Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 16:57

Имрӯз Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Имрӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин пешбинӣ шудааст.

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 16:56

                                   АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қурбонзода Исоҷон Ятим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 марти соли 2023
№АП-339

 

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 16:54

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 2 марти соли 2023 №90
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини вазири саноат
ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Солеҳзода У.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Солеҳзода Умед Абдулло аз вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

Маҳфили навбатии “Хирадмандон” бахшида ба Рўзи Модар

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 15:34

Ба муносибати Рӯзи Модар дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабии «Хирадмандон» машварати навбатӣ доир намуд, ки дар он аъзо ва меҳмонон ширкат варзиданд. Нахуст роҳбари маҳфил нависанда Сипеҳр Ҳасанзод шеъри шоири шаҳир Эраҷ Мирзоро дар ситоиши модар намуна оварда, онро барои наслҳову асрҳо арзишманд арзёбӣ кард:

Гўянд, маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омўхт.

Шабҳо бари гаҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омўхт.

Дар Душанбе Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия оғоз ёфт

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 13:39

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон ва Русия оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қабл аз оғози қисми расмии конфронс дар бахшҳои саноат, энергетика ва ҳифзи муҳити зист, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, маориф ва илм ва  ҳамкории байнишаҳрӣ панелҳои алоҳида оғоз шуда, ҷараён доранд.

Дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ 5 лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 10:12

5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  амалишавии лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самтҳои идоракунии партовҳои сахти маишӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза, нақлиёт ва тандурустӣ пешниҳод гардид.

Дар Душанбе Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода рӯнамоӣ карда шуд

Submitted by admin on Thu, 02/03/2023 - 10:11

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи вокуниши фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолатҳои фавқулода (Гурӯҳи РЕАКТ) баргузор шуд, ки дар он Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 рӯнамоӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар медиҳад.