ТИЛЛОИ НАВБАТӢ МУБОРАК! Давлат Болтаев дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали дуюми тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард
Имрӯз дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди бокс варзишгари тоҷик Давлат Болтаев медали дуюми тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври ниҳоӣ дар вазни -92 кг Давлат Болтаев бо қарори доварон бар Ҳан Хуежен аз Чин ғолиб омада, соҳиби ҷойи якум ва медали тилло гардид.
Бояд гуфт, ки варзишгари тоҷик даври якум бар Арсланбек Очилови туркман, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Эркин Одилбек Уулуи қирғиз ва дар даври нимниҳоӣ бар Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯзӣ шуда, ба даври ниҳоӣ баромад.