Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ПАЁМИ ПАНДОМӮЗ

Submitted by admin on Wed, 10/01/2024 - 15:09

Аъзои маҳфили адабии “Хирадмандон”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати нахустин омўзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023)-ро оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди омўзиш қарор доданд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Tue, 09/01/2024 - 23:07

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии

хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,

андозаи нафақа ва стипендия

 

«ВАССОФИ ВАТАН». Таҳти ин унвон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ Фестивал-озмун баргузор мегардад

Submitted by admin on Tue, 09/01/2024 - 23:06

Даҳаи охири моҳи ноябри соли равон, дар арафаи Рўзи Парчами давлатӣ барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» баргузор мегардад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.

 

DUSHANBE WATER PROCESS. Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» мегардад

Submitted by admin on Tue, 09/01/2024 - 23:06

Моҳи июни соли равон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мизбони боз як чорабинии сатҳи баланд – Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Интизор меравад, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.