Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

Submitted by admin on Tue, 26/12/2023 - 09:06

25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ташриф оварданд.

 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия самимона истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

Submitted by admin on Mon, 25/12/2023 - 14:57

25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

 

«ДУНЁИ ОШ» — МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА БЕНАЗИР. Дар ин ҷо дар як вақт ба 1060 нафар хизмат расонида мешавад

Submitted by admin on Fri, 22/12/2023 - 17:44

Дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош» дар як вақт ба 1060 нафар хизмат расонида мешавад. Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, дорои 550 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин макон асосан барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Submitted by admin on Fri, 22/12/2023 - 17:37

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.