Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - пт, 24/04/2026 - 12:10
Russian
123

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти Маҷмааи гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Гулнур» оғоз бахшиданд.

Маҷмааи гармхонаҳо дар масоҳати 10 гектар замини бекорхобида ташкил карда шуда, 6 гектари он барои бунёди гармхонаҳои муосир пешбинӣ гардидааст. То имрӯз 3 гектар пурра обод шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар 1 гектари он гули садбарг ва дар 2 гектар гулҳои гуногуни мавсимӣ бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ парвариш меёбанд.

Дар гармхона таҷҳизоти муосири кишоварзӣ дастрас гардида, дорои низоми худкори рақамӣ мебошад. Ин низом танзими ҳарорат, намнокӣ ва дигар омилҳои муҳити парваришро фароҳам оварда, барои рушди босамари гулҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ замина муҳайё месозад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маҷмааи гармхонаҳо парвариши зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор гули садбарги навъҳои гуногун бо усули муосир ба роҳ монда шуда, ҳамзамон зиёда аз 3 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд.

Дар маҷмаа дарахтони гуногун, аз ҷумла олуи туркӣ, санавбар, липа, маҷнунбед, каштан, арчаи кабуд ва ноки ороишӣ шинонида шуда, муҳити атрофи иншоот мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ороиш дода шудааст.

Дар гармхона 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, аз ин шумора 42 касаш занон ташкил медиҳанд. Дар мавсими ҷамъоварӣ ва омодасозии гулҳо 40 кас иловатан ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар маҷмааи гармхонаҳо идома дошта, зиёда аз 700 метр роҳҳои дохилӣ мумфарш гардидаанд.

Ҳамзамон биноҳои ёрирасон навсозӣ шуда, минбаъд сохтмони ошхона, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди истироҳат барои кормандон дар назар дошта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти маҷмааи гармхонаҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва ташкили дурусти раванди истеҳсолот баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда фаъолиятро густариш диҳанд ва баробари қонеъ намудани талаботи дохилӣ содиротро ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди чунин гармхонаҳои муосир дар шаҳри Норак намунаи равшани татбиқи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ буда, ба таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Теги