Ҳамкасбони муҳтарам!
Бо камоли эҳтиром ва самимият Шуморо ба муносибати 7 май - Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа самимона табрик менамоям.
Соҳаи телевизион, радио ва алоқа дар таҳкими фазои иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои давлату миллат нақши муҳим дорад. Маҳз бо заҳмати содиқона, масъулияти баланд ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа пешрафту рушди ин самт таъмин гардида истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳа пайваста рушд намуда, бо технологияҳои муосир ва имкониятҳои нав муҷаҳҳаз мегардад.
Ба ҳамаи кормандони соҳа саломатии бардавом, саодати рӯзгор, нерӯи тоза, муваффақиятҳои пайваста ва дастовардҳои нави касбӣ орзумандам.
Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа муборак!
Хайридинзод Файзидин Нуридин
Директори генералии ҶСК «Телерадиоком»