Russian
Кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» дар машқи пагоҳирӯзӣ, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ доир гардида, ба иштирокчиён неруи тоза, илҳоми нав ва рӯҳияи болида бахшид.
Ҳадафи асосии баргузории машқи пагоҳирӯзӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги ҷисмонӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба варзиш мебошад.
ҶСК «Телерадиоком» иштироки кормандони худро дар чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ муҳим арзёбӣ намуда, минбаъд низ дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди тарзи ҳаёти солим саҳми худро идома медиҳад.




