ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ бо намунаҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзҳои фарҳангӣ, намоиши молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси талаботи банди 2-и Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 6 июн оғоз шуда, то 23 августи соли равон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе доир карда мешаванд.