Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 14/08/2026 - 09:44
Russian
123

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Ҳасан Асадӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шерозро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.

Теги