Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пт, 20/11/2026 - 14:58
Russian
123

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардид.

Нахуст Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Владимир Путинро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат намуданд.

Дар бораи таъмини амният ва субот дар минтақа мубодилаи судманди афкор анҷом дода шуд.

Ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва нақлиёт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҳар ду ҷониб барои густариши минбаъдаи сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасонии электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Дар бахшҳои гуманитарӣ сарони ду давлат ба рушди робитаҳо дар самтҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Сохтмони Маркази байналмилалии кӯдакони боистеъдод ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе низ аз мавзуъҳои суҳбат буд.

Дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ дар рӯҳияи созандагӣ таъкид карда шуд.

Дар рафти гуфтушунид вазъияти минтақа, мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, зуҳуроти радикализм, таҳдидҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир, муфассал муҳокима гардид.

Сатҳи ҳамкории хуби ҳамоҳангшудаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар баланд арзёбӣ шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки густариши ҳамкории минбаъда имкон медиҳад, ки шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар бо муҳтавои нави амалӣ ба манфиати ҳарду мардум ғанӣ гардад.

Дар ҷараёни суҳбат, атрофи масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Теги