Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба фаъолияти ҳафт иншооти дигари соҳаи маориф ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави соҳа барои дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллат заминаҳои муассир фароҳам овард.