Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Амиго дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Умари Хайём оғоз бахшиданд.