Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз — 2024 тасдиқ гардид. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 25 январи соли 2024 ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи ин қарор, бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ таҷлил намудани Ҷашни байналамилалии Наврӯз ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе «Карнавали наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругашти идона доир мегарданд.
Таҷлил ва гиромидошти Наврӯзу суннатҳои он пас аз соҳибистиқлолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми пешина ва маснади аслиаш баргардонида шуд.
Ҷашни Наврӯз, ки аз даврони қадим марзҳоро убур намуда, ба фарҳанги якчанд давлати минтақа роҳ ёфта буд, дар оғози садаи ХХI ба таври расмӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқу тасвиб шуд. Нахуст онро созмони ЮНЕСКО соли 2009 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид намуд ва соли 2016 шумораи давлатҳои аъзои парвандаи Наврӯз зиёд шуда, ҳуҷҷатҳо мукаммал ва аз нав тасдиқу имзо гаштанд. Акнун дар парвандаи Наврӯз ҳамроҳ бо Тоҷикистон Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Ироқ шомил мебошанд.
23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи Наврӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мешавад. Аз давлатҳои ҳавзаи Наврӯз даъват мешавад, ки ҳамасола онро бошукуҳ ҷашн гирифта, дар густариш ва рушду таблиғи суннатҳои он саҳм гузоранд.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукуҳу таҷаллии тоза пайдо намуд. Ин ҷашн дар Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва иди покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»