Муассисаи нашриявии «Дониш»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон монографияи нави узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмонро бо номи «Озодӣ ва истиқлоли миллӣ», ки ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ба нашр расонид.
Тавре ба АМИТ«Ховар» хабар дода шуд, дар монография вобаста ба таҳқиқи ҷанбаҳои фалсафию сиёсии масъалаи озодӣ принсипҳои демократӣ, истиқлоли сиёсӣ ва масъалаҳое таҳлил шудаанд, ки ба моҳияти озодии инсон, инкишофи тафаккури озод ва таҳкими истиқлоли миллӣ вобастагӣ доранд. Ҳамзамон масъалаҳои назариявии истиқлол, моҳияти таърихию сиёсии озодӣ ва дастовардҳои миллӣ дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаҳои стратегии замони соҳибистиқлолӣ таҳлил шудаанд.
Муаллиф дар партави фикру мулоҳизаҳо оид ба истиқлоли миллӣ андешаҳояшро дар таҳкими давлатдории миллӣ баррасӣ намуда, истиқлоли сиёсиро барои миллати тоҷик ҳамчун дастоварди бузурги аср муаррифӣ намудааст.
Монография ба доираи васеи хонандагон, сиёсатшиносон, пажуҳишгарон ва андешамандон пешниҳод гардидааст.