Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллӣ таъйиноти кадрӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Thu, 29/02/2024 - 16:18
Tajikistan
123

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

 

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин шуданд.

 

Ҳамчунин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азаматзода Баҳриддин Вайсиддин Сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобозода Лутфулло Нусратулло муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, Давлатзода Талбидагӣ Халифа муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус таъйин гардиданд.

 

Ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсатҳо ва командирони баъзе қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзидаи низомӣ таъйин карда шуданд.

 

Ба пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва таъйин намудани муовини аввал ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 феврали соли 2024 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ дода шуд ва имрӯз фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ба имзо расиданд.

 

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассус ва корозмудаи ин соҳа сардорони се раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.

 

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои зикргардида Пешвои миллат таваҷҷуҳи роҳбарони Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳама гуна қонунвайронкуниҳо, интихоб ва таъйини дурусти кадрҳо, баланд бардоштани савияи донишҳои техникӣ, роҳу усулҳои нави пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои халалдоркунандаи суботу оромӣ ҷалб намуда, барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар чаҳорчӯбаи қонун ва санадҳои танзимкунандаи фаъолияти мақомот супоришҳои қатъӣ доданд.

Теги