Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Чин дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуданд

Submitted by admin on Wed, 28/02/2024 - 17:14
Tajikistan
123

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ Иван Сао мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

 

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

Вобаста ба самти фаъолияти ширкат ва имконияти ду давлат Раиси шаҳри Душанбе амалӣ намудани ҳамкориро дар самти рушди мошинсозӣ дар шаҳри Душанбе ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ намуданд.

 

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба амалӣ намудани ҳамкорӣ дар самти банду басти микроавтобусҳои барқӣ, воридоти аккумуляторҳо барои воситаҳои нақлиёти барқиву дигар қисмҳои эҳтиётӣ, воситаҳои нақлиётии боркаши барқии то 5 тонна ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ибрози назар гардид.

Теги