22 МАРТ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар ҷаҳон давлати ташаббускор дар ҳалли масоили марбут ба об эътироф гардидааст

Submitted by admin on Fri, 22/03/2024 - 18:21
Tajikistan
123

Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об- «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузоштаанд.

 

Ин ташаббусҳо бозгӯи саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сайёра мебошанд.

 

Ҳамасола 22 март ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии обро таҷлил менамояд. Рӯзи умумиҷаҳонии об бори нахуст аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба муҳити зист ва рушд (UNCED), ки соли 1992 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, ибтидо гирифтааст. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи 47/193 аз 22 феврали соли 1993 22 мартро Рӯзи умумиҷаҳонии об эълон намуд.

 

Тибқи тавсияҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд, Рӯзи умумиҷаҳонии об аз соли 1993 инҷониб таҷлил мегардад. Дар асоси ин қатънома, давлатҳо даъват шудаанд, ки Рӯзи умумиҷаҳонии обро ба татбиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва амалҳои мушаххас дар сатҳи миллӣ бахшанд. Дар маҷмуъ, Рӯзи умумиҷаҳонии об ҳамасола бо мақсади таъкиди аҳамияти дастрасӣ ба оби тоза ва мусоидат ба истифодаи устувори захираҳои оби тоза дар ҷаҳон доир мегардад.

 

Тоҷикистон аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш бурда, тавсеа мебахшад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи мусоид гузошт. Дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим мебозанд.

 

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ буда, дар ҷаҳон баъд аз Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Конго, Ҳиндустон, Канада ҷойи ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи якумро ишғол менамояд. 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

 

Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мавҷуд мебошанд. Захираҳои об дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муассир доранд. Дар айни замон захираҳои об дар ҷумҳурӣ манбаи асосии истеҳсоли энергия буда, 95 фоизи барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим доранд, истифода мешаванд. Захираҳои об дар ҷумҳурӣ ҳамчунин дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳм мегузоранд. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Аз ин номгӯй муҳимияти бештарро соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти мамлакатро бо кор таъмин менамоянд.

 

Тоҷикистон чун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳон давоми ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои глобалиаш дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ба ҳайси давлати пешсаф ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об дар миқёси сайёра даъват намуда, ташаббусҳои ҷаҳонӣ манзур намуд.

 

Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми назаррас мегузоранд.

 

Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Теги