22 март Рӯзи умумиҷаҳонии об (World Water Day) ҳисобида мешавад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороташон дар ҳамоиши якуми давлатҳои Осиё ва уқёнуси Ором гуфта буданд, ки «… равандҳои рушди ҷаҳонӣ чунинанд, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад».
Идеяи дипломатияи об дар натиҷаи талошҳои Пешвои миллат дар соҳаи об ниҳоят амалӣ гардид. Ин нукта ба ҷаҳониён нишон дод, ки мафҳуми дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он тафовут дошта, ба ҷорӣ намудани усулҳои нави гуфтушунид бо мақсади ба таври муассир хотима бахшидан ба баҳсҳо ва низоъҳои марбут ба идора ва истифодаи оби дарёҳои фаромиллӣ даъват менамояд.
Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ нақши муҳим ва калидӣ, инчунин дар ҳифзи сулҳу субот, рушди минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда доранд. Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар ҳама чорабиниҳои байналмилалии марбут ба мушкилоти тағйирёбии иқлим фаъолона иштирок менамояд ва дар самтҳои дипломатияи тағйирёбии иқлим ва об дар сафи пеш қарор дорад.
Ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим як самти ташаббусҳои муҳими Тоҷикистон, аст ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон пешниҳодҳои муассир дар ҳалли мушкилоти воқеии башарият буда, ҳадафу вазифаҳои онҳо вобаста ба афзалият хеле оқилона таҳия гардидаанд. Баъди талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арзёбии ҷаҳонии пешрафти кишварҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) мавқеи нав пайдо намуд. Тибқи таснифот ва панелҳои иттилоотии Ҳадафҳои рушди устувор (SDG Index & Dashboards) Тоҷикистон дар байни 166 давлати ҷаҳон мақоми 85-ро гирифта, он пешрафти умумиро дар иҷрои ҳамаи 17 ҳадаф арзёбӣ мекунад. Зимнан ин натиҷаро метавон ҳамчун фоизи иҷрои ҳамаи Ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ намуд.
Тоҷикистон ба шарофати заҳматҳои Пешвои миллат дар солҳои охир дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ба пешравиҳои назаррас ноил гардида,аз аз 17 Ҳадафҳои рушди устувор 2-тои онро пурра иҷро намуд, 2 ҳадафи дигар дар марҳилаи таҳия қарор дорад ва 6-тои дигар тибқи таснифоти Ҳадафҳои рушди устувор дар марҳилаи афзоиш қарор доранд. Таснифоти паҳншавӣ ин паҳнкуниро дар се самт арзёбӣ мекунад: амният, иқтисод ва молия, инчунин таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ. Тибқи маълумоти таснифот ва панелҳои иттилоотии Ҳадафҳои рушди устувор, Тоҷикистон тавонист то соли 2022 40 нишондиҳандаро иҷро намояд.
Пешвои миллат дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ иброз намуданд, ки «Тоҷикистон низ зимни татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба мушкилоти алоҳида дар самти ҳадафҳои 1, 7, 12 ва 13 рӯ ба рӯ гардидааст».
Аз соли 2000 инҷониб бо ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ барои ҳалли масъалаҳои об 8 қатънома қабул намуд. Ин ташаббусҳо дар дарки беҳтари масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта, ба ҳалли онҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини суботи экологӣ, ноил шудан ба сулҳу субот ва дар маҷмуъ, рушди устувор афзалияти зарурӣ доданд.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар маросими ифтитоҳи конфронси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гуфта буд: «Ман аз он хушҳолам, ки дар Рӯзи ҷаҳонии об барои оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо шумо мебошам. Ман ин талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои пешбарӣ дар Ассамблеяи генералӣ қадр мекунам. Сафари соли гузашта ба Тоҷикистонро ба ёд меорам, вақте ман имконият пайдо кардам, ки таъсири камшавии пиряхҳоро дар кӯҳҳои Помир бубинам».
Сиёсати дипломатияи оби Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ борҳо натиҷаи назаррас нишон додааст. Аз минбарҳои баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо манфиати башариятро талаб намудаанду бо такя ба оини милливу фарҳанги аҷдодӣ ҳамеша «Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор»-ро шиори сиёсати хориҷиашон қарор додаанд.
Дар ҳошияи Конфронси оби СММ – 2023 дар Ню-Йорк Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр аз минбари СММ дар бобати Тоҷикистон чунин гуфт:«...Ба мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд пайравӣ намоед. Дар обҳои гуногуни фаромарзӣ ҳамкорӣ ҷӯед. Об майдони умумии мо аст! Кашф кардан ва ба даст овардани он арзиши баланд дорад!»
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори 5 иқдоми байналмилалӣ мебошад: «Соли байналмилалии оби ширин» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), «Соли байналмилалии Ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал» Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025). Ин ташаббусҳо барои инсоният муҳим мебошанд.
Дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Банга гуфта буд: «Ман бо нуқтаи назаре, ки дар робита ба захираҳои ғании табиӣ дар мамлакат, пеш аз ҳама, дар зарфияти бузурги пиряхҳо баён доштед, ҷиҳати табдили он ҳамчун гунаи дороии на танҳо ба нафъи кишвари Шумо, балки ба манфиату суди давлатҳои ҳамсоя пурра ризо ҳастам. Ва медонам, ки Шумо ташаббусгар ва муаллифи 5 қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар соҳаи об ҳастед, инчунин огаҳ аз он ҳастем, ки дар қабули қатъномаи СММ дар соҳаи пиряхҳо Шумо нақши калидӣ бозидаед, ки мо аз он ба таври васеъ ва комилан пуштибонӣ намудем».
Ин бозгӯи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳон аз қадамҳои устувори давлати мо огоҳ аст. Зеро ҳар талошу пешниҳодҳо натиҷаи ҷаҳонии худро доро мебошанд. Бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат Тоҷикистон дар асри XXI бештар аз ҳар давлати ҷаҳон диққати оламиёнро ба ҳалли мушкилоти об ҷалб менамояд. Зиёда аз се даҳсола инҷониб миллати тоҷик таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти глобалӣ дар майдони геополитикаи ҷаҳон нақши муҳим мебозад.
Пешвои миллат дар Паёми шодбошиашон ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфта буданд: «Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст».
Миллати тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда бо заҳматҳои софдилона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва амалу ташаббусҳои мусбат рӯ ба сӯи ободӣ ва дастовардҳои арсаи ҷаҳонӣ меорад.
Мубирхони МӮМИНПУР,
сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ