Аз суханронӣ ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ҳар фарди солимфикри ҷомеа неруи тоза мегирад. Зеро дар шароити пуртаззоду печидаи шиддат ёфтани вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, таҳдидҳои пай дар пайи буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат масъалаи ҳифзу тақвияти давлату давлатдории миллӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо менамояд. Чунин ибрози андеша намуд ба АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Талбакзода.
Мавсуф иброз намуд, ки тавре Пешвои миллат зимни ин мулоқот таъкид намуданд, «солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳояшон, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳилаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи КОВИД – 19 бавуҷудомада, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонида истодааст». Бинобар ин дар чунин шароити мураккаб давлатҳое бештар ба муқовимат тоб оварда метавонанд, ки низоми ҳуқуқии комилу пешрафта ва ба талаботи замона ҷавобгӯро ташаккул дода бошанд.
Ҷаҳон дар ибтидои садаи ХХI воқеан пешгӯинашаванда гардида, ба сари фарзандони одам мушкилию печидагиҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ овардааст, ватани иддае аз мардумони оламро ноорому истиқлолияти давлатии онҳоро осебпазир гардонидааст. Барои ҳамин Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм бояд сарҷамъона мубориза барем ва дар мамлакат волоияти қонунро таъмин намоем.
Сулаймон Талбакзода иброз намуд, ки «ҳоло давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди устувор қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ таҳкими бештар ёфта, барои кору зиндагии мардум шароити беҳтар фароҳам оварда шудааст. Акнун имкон дорем, ки дастовардҳои истиқлолиятро боз ҳам афзун намоем ва мамлакатамонро ба сатҳи сифатан нави рушд барорем».
Дигар мавзуе, ки Пешвои миллат баррасӣ намуданд, ин экстремизми динӣ мебошад. Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, «душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ менамоянд».
Маълум аст, ки дар ин марҳилаи барои халқу давлат сарнавиштсоз ҳанӯз ҳам қувваҳое вуҷуд доранд, ки оромиву осудагии мардумро дидан намехоҳанд, дастовардҳои истиқлолият, рушду нумуи сохти давлатдории тоҷикон табъашонро нороҳат мегардонад, мехоҳанд оромиву осудагии мардуми моро халалдор намоянд, давлатро дубора ба вартаи нооромиву даргириҳо расонанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мардуми мо, ҳар касеро, ки имрӯзу ояндаи халқу Ватан барояш бетафовут нест, сарфи назар аз ақидаву ҷаҳонбинии сиёсӣ, сарфи назар аз он ки минбаъд дар куҷо ва дар кадом вазифае, ки бошем, зарур аст, ки бо бедории миллӣ ва ҳушёрии сиёсӣ барои тақвияти сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу буми Ватани ягонаву воҳид бо самимият ва саъю талоши бесобиқа барои ба соҳили офият расонидани киштии амну амони миллат содиқона хизмат намоем. Дар ҳар куҷое, ки бошем, дар ҳар вазифае, ки кор кунем, бояд бо неруи тоза тамоми донишу таҷриба, қобилият ва азму иродаи қавиамонро ба рушду пешрафти Тоҷикистон ва некуаҳволии мардуми он равона созем.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1-уми Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ эълон гардида, дар он озодии виҷдон ва эътиқод дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо кафолатҳои конститутсионӣ таъмин шудааст»,-гуфта шуд дар баромади Пешвои миллат.
Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар афкори ҷамъиятӣ таҳаввулоти амиқ ба вуҷуд оварданд ва бо арзише, ки имрӯзҳо дар рӯзгори мардумамон касб намудаанд, шубҳае нест, ки ба китобҳои таърихи мактабиёну донишҷӯён ворид мешаванд.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, «мо — ворисони миллати куҳанбунёди фарҳангии ориёием, ҳар мушкилӣ ва печидагиро метавонем бо лаҳни мулоим, муколамаи солим ва эҳтироми ақидаҳо ҳал намуда, дар ҳама ҳолатҳои мушкил имконияти нави таърихӣ пайдо намоем».
Дар ҳақиқат, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллатамон аст. Мо бояд дарси хештаншиносӣ ва муҳимтар аз ҳама, дарси хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат омӯзем ва ба Ватану миллатамон содиқона хизмат намоем.