Шурӯъ аз 8 феврал маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирӣ аз интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бекор карда шуданд. Дар робита ба ин қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 аз 8 феврали соли 2023 маҳдудияти зидди бемории сироятии коронавирус дар тамоми нуқтаҳои карантинию санитарии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуданд.
Ин қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ бо назардошти баҳодии муътадил оид ба вазъи эпидемиологии сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи баланди ваксинатсияи дар байни аҳолии гурӯҳҳои мақсадноки мамлакат, ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ин беморӣ дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ва аз байн бурдани маҳдудияти интиқоли мусофирон ва молу маҳсулот тавассути нақлиёти ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ, ба танзим даромадани гардиши электронии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи саломатии мусофирон ва бо мақсади таъмини пурраи фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини рушди иқтисодиёт, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон қабул карда шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки фаъолияти нуқтаҳои карантинию санитарии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро дар назди гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби «муқаррарӣ» гузаронида, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ҳолати умумии солимии шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷиро ба инобат гирад.
Ҳамчунин тибқи ин қарор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки минбаъд ваксинатсияи гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии ҷумҳуриро тибқи дархост ва муроҷиат анҷом диҳад.
АМИТ «Ховар»