Соли 2023 Тоҷикистон мизбони 4 Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ мешавад

Submitted by admin on Sat, 11/02/2023 - 16:00
Tajikistan
123

Бо мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) Тоҷикистон соли равон мизбони чор мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ гардида, онҳоро тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ доир менамояд. Инҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Осиё» аз рӯи намуди гӯштингирӣ, Чемпионати Осиё, Ҷоми ҷаҳон ва Чемпионати ҷаҳон мебошанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки давоми 5 соли оянда дар 60 давлати дунё намояндагии Федератсияи гӯштингириро боз кунад. Дар айни замон дар се давлати хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Русия, Ҳиндустон ва Эрон чунин намояндагӣ таъсис дода шудааст.

«Соли 2022 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғиб ва ривоҷу равнақи гӯштини миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 ҳазор мусобиқаи гӯштин аз рӯи усули деҳа ба деҳа баргузор намуд. Тибқи нақша, соли равон ин шумора ба беш аз 5 ҳазор расонида мешавад»,-иброз дошт Раиси Кумита.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Теги