9 феврал дар Душанбе маросими баимзорасони Созишнома байни Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва ташкилоти «J-Sport»-и Ҷопон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Созишномаро раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва роҳбари ташкилоти «J-Sport», профессори ҷопонӣ Озикей Такахисо имзо карданд.
Тавре тазаккур дода шуд, ин созишнома дар рушди варзиши ҷудо дар Тоҷикистон саҳифаи нав боз мекунад ва барои татбиқи ғояҳо ва барномаҳои нав заминаи мусоид мегузорад.
Пас аз имзои созишнома бо иштироки роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, «J-Sport» ва мураббии ҷопонӣ оид ба ҷудо Тамура Тори нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
«Ин созишномаи дарозмуддат то соли 2028 давом ёфта, дар давраҳои олимпӣ — Париж-2024 ва Лос-Анҷелес-2028 амалӣ хоҳад шуд», — таъкид кард роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Дар доираи созишномаи мазкур бо ҷалби мутахассисони ҷопонӣ Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба нақша гирифтааст, ки мураббиёни соҳибтахассус ва доварони миллӣ тайёр карда, инчунин дар саросари ҷумҳурӣ интихоби ҳадафмандонаро байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон роҳандозӣ намояд.
Бино ба гуфтаи роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, яке аз омилҳои аслии ҷалби мутахассисони ҷопонӣ ва ҷорӣ намудани усули ҷопонии омода кардани варзишгарон натиҷаҳои назарраси онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин ташклилот солҳои зиёд бо бошгоҳи «Мори»-и шаҳри Иркутски Федератсияи Русия, ки дар он ҷо ҷудо босуръат рушд меёбад, ҳамкорӣ дорад.
Тавре профессор Озикей Такахисо иброз дошт, варзишгари тоҷик, Чемпиони ҷаҳон байни ҷавонон оид ба ҷудо Сомон Маҳмадбеков дастпарвари ин бошгоҳ мебошад.
«Варзишгарони тоҷик иқтидори хуб доранд ва кӯшиш мекунем, ки барои муваффақона амалӣ шудани ин лоиҳаи умедбахш тамоми талошҳо ба харҷ диҳем», — гуфт профессор Озикей Такахисо.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик сохтмони Академияи ҷудои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад. Ҳамчунин дар нақшаҳои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ифтитоҳи марказҳои ҷудо дар марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудааст.