16 феврал аввалин магистрантони магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» соҳиби диплом гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми аввалин магистрантони магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва магистратураи хизматчиёни давлатии таҳсилоти шабона баргузор шуд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки ҳамасола дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти зинаи магистратураи рӯзона 60 нафар ва дар самти зинаи магистратураи таҳсили шабона то 65 нафар хизматчиёни давлатӣ мувофиқан дар муддати як ва ду сол ба таҳсил ҷалб карда мешаванд. Ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Баҳри таъмини баробарии гендерӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти иштироки занон дар хизмати давлатӣ соли 2023 дар зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» 44 нафар магистрантон, ки аз онҳо 23 нафарашон зан буд, таҳсил намуданд.
Инчунин дар зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз шумораи умумии 50 нафар магистрант 12 нафари онҳоро занону бонувони ташаббускор ташкил дод.
АМИТ «Ховар»