28 феврал дар толори Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа раиси комиссия — Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, муовини раиси комиссия — Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва масъулони дигар сохторҳои қудратӣ, идораву кумитаҳои давлатӣ, ки аъзои ин комиссия мебошанд, иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ тайи соли сипаригардида дар ҳамбастагӣ бо дигар корхонаву идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ҷиҳати иҷрои талаботи қонуни мазкур корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати давлатиро оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳоро дар ин самт зери назорати доимӣ қарор додааст.
Дар ҷаласа иброз дошта шуд, ки Вазорати нақлиёт бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат баҳри бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард пайваста корбарӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату сохторҳои давлатӣ барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо оид ба вазъи роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, сатҳи паст гардидани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, гузоштани аломатҳо дар роҳҳои нақлиётгард, масоҳати сохтмон ва таҷдиду таъмири роҳҳо, сохтмони долонҳои мошингузар, инчунин омилҳои садаманокӣ дар роҳҳо ва бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар ин самт баррасӣ карда шуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.
АМИТ «Ховар»