7 март дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии ITB Berlin 2023 ифтитоҳ гардид, ки то 9 март идома меёбад. Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки имсол дар намоишгоҳи ITB Berlin беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ бартарияти рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷик ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ доранд. Дар баробари ин Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Точикистон дастовардҳои донишгоҳро дар риштаи сайёҳӣ тарғиб намуда истодааст.
Дар назар аст, ки имсол дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin» ҷаласаи вазирони давлатҳои ҳавзаи «Шоҳроҳи Абрешим»-и Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир гардад. «ITB Berlin» намоишгоҳи пешоҳанги тиҷоратии ҷаҳонӣ, тарғиботӣ оид ба имконияти сайёҳии ҳар давлат мебошад.
Дар Намоишгоҳи имсола намояндагони қариб 200 давлати дунё ва зиёда аз 15 ҳазор ширкати сайёҳӣ, зиёда аз 800 хабарнигор иштирок доранд. Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin ҳамасола таҳти ҳамоҳангии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир гашта, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ин Созмон барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлкат хеле муфид арзёбӣ мегардад.
Намоишгоҳи мазкур барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлакат муфид буда, имкон медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз Аврупою Осиё вусъат ёбад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии мамлакатро дар ин майдони бонуфузи байналмилалӣ тарғибу ташвиқ менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат дар хориҷи ҷумҳурӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва иштирок дар намоишгоҳҳову дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла «ITB Берлин» мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пурқувват гардонида, ба ин васила теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба давлати мо афзоиш меёбад.