Наврӯз ҷашни тамаддуни бостонӣ

Submitted by admin on Sat, 18/03/2023 - 10:34
Tajikistan
123

Наврӯз рамзи покию некӣ,  пирӯзӣ,  рамзи эҳё ва бедории инсону табиат, пайғоми ҳаёти нав, сарсабзию хуррамӣ, рушду нумуъ ва фархундаҳолию фараҳ аст. Оини озодагию озодагон, фарзонагию фарзонагон, гаронбаҳотарину пурарзиштарин мероси фарҳангии миллати тоҷик, ҳумоюнтарину хуҷастатарин ҷашни мардумони ориёитабор ва рукни аслию муҳими худшиносии миллист, зеро ҷавҳари аслии Наврӯз- ин инсондӯстию таҳаммулгароӣ, ҳамдигарпазирӣ, ваҳдату баҳамоӣ, асолат ва руҷуъ кардан ба асл аст.

- Пайдоишу кашф шудани ин ҷашни бузург мутааллиқ ба тамаддуни бостонии ақвоми ориёиасли тоҷик мебошад, ки пойгоҳи аслии Наврӯз мулки Ориёнвеҷ ва Хуросону Мовароуннаҳр буда, ватани аслии барҳақи имрӯзаи он Ҷумҳурии Тоҷикистони офтобрӯя аст.

Наврӯз аз андешаи поку неки ақвоми ҳиндуориёӣ падид омад, ки дар асрори офариниши табиату коинот одаму олам тафаккур мекарданду ҳувияти волофарҳангсолорию фарҳангӣ ва имлдӯстию донишандӯзӣ доштанд, аз ҷумла дар офаридани хат ва алифбои нахустини инсоният. Арзише, ки қимати онро дар матни тамаддуни умумиинсонӣ баҳогузорӣ мушкил аст, ин қадами нахустини инсоният ба ҷаҳони маърифат аст. Ин қадам офаридани алифбо аст.

Маъхазҳо дарак медиҳанд, ки офарандагони фарҳанги ориёӣ-тоҷикӣ чандин алифбо эҷод кардаанд. Кисме аз онҳо ба фаромӯшхонаи таърих рафтааст. Аз ҷумла, алифбое ба унвони «Шоҳдабира». Ин алифбое будааст, ки онро танҳо шоҳ ва чанд нафаре ки мавриди эътимоди шоҳ буданд, медонистанд… ва боз чандин алифбои дигар.

Метавон гуфт, ки мардумони атрофи Варорӯд, ориёҳои бостонӣ ниёгони Наврӯзанд. Вожаи ориёӣ будани худи истилоҳи Наврӯз шаҳодат аз он медиҳад, ки тоҷикон дар саргаҳу сароғози фарҳангу таърихи тамаддуни башарӣ қарор доштанд. Фалсафа ё худ ҳикмати Наврӯз: пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аст. Покӣ, некӣ, ростӣ, баробарӣ, тавозуну эътидол (гармония), эҳё шудан ва пирӯзии некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар торикӣ асоси фалсафаи Наврӯзро ташкил медиҳад. Ойинҳои поку неки наврӯзӣ: покӣ, некӣ, ростӣ аз андешаву афкори поку неки ниёгони поктинату несиришт, равшанзамиру рушанрой ва некманишу ваҳдонифитрати мо, тоҷикон падид омадаю зуҳур ба олами ҳастӣ намудааст, ки дар худ баландтарин мақом ва поя, ғояҳои олии раъиятпарварӣ, ваҳдату ягонагӣ ва мардумсолориро таҷассум мекунад.

Бо як ҳарф ҷашни Наврӯз ҷашни эътидолу баробарӣ, мавзунию мувозинат, назму низом ва адолати саросарӣ дар муносибати одаму олам ва кулли коинот буда, асли он айёми таҷаллии қудрату ҷалоли табиату мавҷудот аст.

Дар китоби гаронмояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Он халқ хушбахту ҷовид аст, ки бо ниёгони худ пайванди ногусастанӣ дорад».

Он халқе боз бештар сарбаланду сарфароз аст, ки дар ҳар мавриди сахту осон барои машварат ба ниёгони худ рӯ оварда ва ҳамеша дар пайи он бошад, ки ба хазинаи пурбаҳои андӯхтаи гузаштагонаш аз худ чизе илова намояд.

Шаҳбоз ХОЛОВ мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Теги