30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бо 100 нафар ятими кулл вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо, кумаки молӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим, ки аз шаҳрҳои Истиқлолу Истаравшан ва ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд.
Ятимони кулл аз он изҳори хушҳолӣ менамоянд, ки дар чунин давлати ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд. Ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар карда мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.