«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштарак оғоз ёфт

Submitted by admin on Fri, 07/04/2023 - 09:05
Tajikistan
123

Дар павилиони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштараки «Дурахши ахтарон:Ҷомӣ ва Навоӣ» шуруъ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Ҳунарпешаҳо ва хоҳишмандон ҳунару истеъдоди фитрӣ, чеҳра, тарзи гуфтор, қобилияти нақшофарӣ ва таҷрибаи хешро ба коргардон ва гурӯҳи эҷодии филм манзур менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику узбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ филми ҳунарӣ рӯйи навор оварда мешавад.

Ғояи асосии филми ҳунарии мазкур, пеш аз ҳама, бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ –Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ва таҷассумгари ташаккул ва таҳаввули дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ карда мешавад.

Банаворгирии саҳнаҳои филм дар мавзеъҳои таърихӣ ва табиати нодири Тоҷикистон, иншооти таърихии ҳудуди Узбекистон, павилионҳои филмбардории «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» дар назар дошта шудааст.

Барои нақшофарӣ дар филм ҳунарпешаҳои тоҷику узбек ва хориҷӣ ҷалб гардида, коргардон ва продюсери машҳури фаронсавӣ Люк Бессон дар таҳия ва наворбардории филм ба ҳайси мушовир даъват шудааст.

Филм дар жанри драмаи таърихӣ бо коргардонии Файзулло Файзов аз Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз Узбекистон рӯйи пардаи кино ҷилвагар хоҳад шуд.

Кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо ҳамарӯза то 20 апрели соли 2023 дар павилиони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» идома меёбад.

Теги