Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Кооперативи тиҷоратии «Моҳипарварии Каёнуш»-ро ифтитоҳ намуданд

Submitted by admin on Wed, 26/04/2023 - 15:24
Tajikistan
123

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Кооперативи тиҷоратии “Моҳипарварии Каёнуш”-ро ба истифода доданд.

Ҳадаф аз таъсиси хоҷагӣ ва ба роҳ мондани парвариши намудҳои гуногуни моҳӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунадаи воридот, ба содирот нигаронидани он ва таъмини пешрафти дучанди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия дониста мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ ба ҳавзҳо 55 ҳазор моҳича сар доданд.

Дар хоҷагӣ парвариши моҳии навъи “бестер” ба роҳ монда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ аввалин маротиба мебошад. Оянда дар назар аст, ки дар ин хоҷагӣ беш аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш ёбад.

Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварӣ соли 2022 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Асадулло Исоев оғоз шуда, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳипарварӣ 17 гектарро ташкил дода, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда мешавад.

Дар айни замон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои парваришёбандаи моҳӣ ва ба ин васила зиёд кардани истеҳсоли он дар хоҷагӣ 5 ҳавз таъсис дода шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал парвариши 55 ҳазор моҳӣ, аз қабили навъҳои моҳии сазан, пешонағафси сафед ва амури сафед ба роҳ монда шудааст. Масъулон нақша доранд, ки дар оянда намуд ва миқдори моҳиро бештар кунанд.

Баъди ба фаъолият оғоз намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ дар Кооперативи тиҷоратии “Моҳипарварии Каёнуш” 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияи Данғара солҳои охир моҳипарварӣ рушд карда, имрӯз фаъолияти 26 хоҷагии моҳипарварӣ дар 30 гектар замин ба ҳамин самт равона карда шудааст.

Истеҳсоли гӯшти моҳӣ соли 2022 дар ноҳия 40 тоннаро ташкил намуда буд. Дар се моҳи аввали соли 2023 7,5 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст.

Шароиту имконияти мусоиди моҳипарварӣ дар мамлакат муҳайё аст ва истифодаи муфиди имконияти мавҷуда ба пешрафти дучанди он мусоидат мекунад.

Таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ бо истифода аз технологияи нав, додани имтиёзҳои мусоид ба соҳибкорони дар самти мазкур фаъолияткунанда, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва коркарди гӯшти он аз ҷумлаи омилҳои такондиҳандаи рушди соҳа арзёбӣ мегардад.

Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади иқтисодӣ ва дар маҷмуъ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ карда мешавад.

Теги