Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб боздид намуданд

Submitted by admin on Thu, 11/05/2023 - 17:35
Tajikistan
123

11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеи зебову нотакрори мамлакат дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Мавриди тазаккур аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон, ки бо шарофати Пешвои миллат аз нав эҳё гаштаву рушд менамояд, аз қадим дорои хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд мебошад.

Теги