Дар конфронси Душанбе ҳайатҳои Осиёи Марказӣ иҷрои уҳдадориҳои Созишномаи Парижро марбут ба тағйирёбии иқлим баррасӣ менамоянд

Submitted by admin on Wed, 17/05/2023 - 14:28
Tajikistan
123

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси 5-уми тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ (CACCC-2023) оғоз ёфт, ки мавзуи он тағйирёбии иқлим ва рушд аст. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни баргузории CACCC-2023, ки тайи ду рӯз — 16-17 май идома меёбад, масъалаҳои мубрами тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим, коҳиш ва мутобиқсозии он дар соҳаҳои об, энергетика, ғизо ва муҳити зист баррасӣ мешаванд, ки ҳалли саривақтӣ ва ҳамгироишудаи онҳо метавонад барои ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам аз нигоҳи устувории экологию иқлим ва ҳам аз лиҳози рушди иқтисодию демографӣ муҳим бошад.

Конфронси 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА) ва Бонки ҷаҳонӣ созмон дода шуда, дар он намояндагони вазоратҳои марбутаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои илмӣ, коршиносони масоили экологӣ иштирок доранд. Омӯзиши чолишҳо ва норасоиҳо дар иҷрои уҳдадориҳои иқлимии Созишномаи Париж аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ, баррасии имконоти ҳамкории минтақавӣ ва баланд бардоштани устувории захираҳои экологӣ, об, энергетика ва озуқаворӣ дар минтақа аз ҳадафҳои асосии конфронс мебошад. Дар маросими ифтитоҳи CACCC-2023 муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Мавлодод доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, иқдом ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо сухан намуд. Таъкид карда шуд, ки зарфи даҳсолаҳои охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим даъват намудаанд, ки аз ҷониби созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва «Об барои рушди устувор» (2018-2028) аз ҳамин қабил аст.

Таъкид шуд, ки дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «захираҳои об имрӯз зери таъсири чолишҳо ва таҳдидҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли «энергияи сабз» ва устувории табиат таъсир мерасонанд. Дар ин силсила тағйирёбии иқлим ҳамчун омили таъсиргузор ба захираҳои оби ошомиданӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад. Тайи панҷ даҳсолаи охир таъминоти об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон тақрибан дувуним баробар ва дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ беш аз чаҳор маротиба кам шудааст».

Яке аз ташаббусҳои глобалии Сарвари давлати Тоҷикистон ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии СММ қабул шуд, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошад. Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ мебошад. Тибқи ин қатънома, соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад ва Тоҷикистонро чун давлати пешсаф дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалии марбут ба обу иқлим муаррифӣ хоҳад намуд. Инчунин дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад.

Иштирокдорони конфронс иброз доштанд, ки тағйирот дар низоми экологӣ, обшавии пиряхҳо, хушксолиҳои пай дар пай ва дигар офатҳои табиӣ аз зарурати андешидани тадбирҳои таъҷилӣ барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои об шаҳодат медиҳад.

Назар ба андешаи коршиносон, суботи иқлимии минтақаро танҳо тавассути ҳалли муштараки мушкилот бо назардошти муҳимтарин манфиатҳои фаромарзии минтақа ба даст овардан мумкин аст. Ҳар кишвари минтақа барои ҳалли муштараки мушкилоти мавҷудаи экологии Осиёи Марказӣ ҳавасманд ва омода аст.

Дар конфронс гуфта шуд, ки фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳама давлатҳои минтақа имкон медиҳад, ки тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ муваффақона мутобиқ карда шавад. Ҳамоҳангсозии фаъолият бояд ба баррасии мутавозин ва прагматикии манфиатҳои тамоми давлатҳои минтақа, такмили заминаи институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ асос ёбад. Барои таъмини устувории иқлим мо бояд ба рушди инфрасохтори мувофиқ ва идоракунии захираҳои табиии фаромарзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, таъкид намуданд иштирокдорони конфронс, зеро танҳо ҳалли муштараки масъалаҳои иқлим, ҳамбастагӣ ва рушди мавқеи ягонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилоти иқлим заминаи муваффақи рушди минтақа дар баробари тағйирёбии иқлим хоҳад шуд.

Инчунин зикр карда шуд, ки баргузории чорабиниҳои муштараки минтақавӣ, аз қабили CACCC-2023 барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим аҳамияти муҳим ва дар густариши муколама оид ба таҳияи роҳҳои ҳалли муштараки мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим саҳми назаррас дорад.

Ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим тасмим гирифтаанд, то қадамҳои минбаъдаро оид ба татбиқи Созишномаи Париж муайян ва мувофиқа намуда, чораҳои дахлдорро барои пешгирии тағйирёбии иқлим дар минтақа мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Чунки дар шароити минтақаи Осиёи Марказӣ ҳалли мушкилоти иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии он танҳо тавассути ҳамкории минтақавӣ имконпазир аст.

Хотиррасон мекунем, ки ҳайатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим тасмим гирифтанд, ки қадамҳои минбаъдаро дар самти татбиқи Созишномаи Париж муайян ва мувофиқа намуда, чораҳои дахлдорро барои пешгирии тағйирёбии иқлим дар минтақа мавриди баррасии амиқ қарор диҳанд. Конфронс марҳилаи омодагӣ ба ташкили павилиони навбатии Осиёи Марказӣ дар Конфронси 28-уми ҷонибҳо (COP-28) мебошад, ки соли равон дар Дубай баргузор гардида, консепсияҳо ва стратегияҳои табдили оқилонаи иқлими давлатҳои минтақаи Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Теги