Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти ватаниро дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон баргузор менамояд

Submitted by admin on Mon, 03/07/2023 - 20:14
Tajikistan
123

Баргузор намудани намоиши молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти ҳайати вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

30 июни соли равон дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти гурӯҳи кории вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти ҳокимияти  шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ  дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо вилояти Туркистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Теги