Имрӯз дар толори Академияи ВАО Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Кумита Саид Нуриддин Саид, мудири шуъбаи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода, муовинони раис, роҳбарони раёсату сохторҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, сармуҳаррирон, саркоргардонҳо, сардорони идораҳои телевизион ва радиоҳои вилоятӣ иштирок доштанд.
Нахуст Раиси Кумита Нуриддин Саид ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аъзои мушовара ва ҳозиринро бо рӯзномаи мушовара шинос намуд. Мувофиқи рӯзнома дар мушовара ду масъала, ҷамъбасти фаъолияти сохторҳои кумита дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуввуми соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Аз рӯи масъалаи якум раиси кумита баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар баробари дастоварду муваффақиятҳо дар фаъолияти воҳидҳои сохторӣ дар давраи ҳисоботӣ як қатор мушкилоту камбудиҳо низ мушоҳида гардид, ки бартарафсозии саривақтӣ ва ҳалли ҳарчи зудтари онҳо аз роҳбарону намояндагон масъулияти хидматӣ ва маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд. Ба гуфти раиси кумита, “таъмини воҳидҳои корӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, бахусус аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманду забондон яке аз роҳҳои таъмини самаранокии фаъолият ва пешрафти кори соҳа мебошад”.
Нуриддин Саид ҳалли масъалаи норасоии кадрҳои соҳибтахассусро дар тақвият бахшидани ҳамкории зичи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо муассисаҳои олии таълимии касбии мамлакат ва ҳамчунин пайваста баргузор намудани курсҳои такмили тахассуси кормандон дар Академияи ВАО Тоҷикистон маънидод кард. Раиси кумита ёдовар шуд, ки айни замон дар асоси супориши Кумита бо дарназардошти афзоиши шабакаҳои телевизионии гуногунформат дар кишвар ва дар ин замина зиёд шудани талабот ба мутахассисони соҳавӣ аз ҷониби Академияи ВАО Тоҷикистон пайваста курсҳои журналистикаи соҳавӣ баргузор карда мешаванд, ки роҳбарони сохторҳо ҷиҳати таъмини иштироки кормандонашон дар курсҳои мазкур масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Зимни таҳлили фаъолияти нимсола Нуриддин Саид шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро василаҳои муҳиму муассири иттилорасон дар шароити мураккаби рақобатҳои иттилоотӣ номид ва изҳор дошт, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 шабакаҳои давлатии телевизионӣ, аз ҷумла “Телевизиони Тоҷикистон”, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷаҳоннамо”, “Синамо”, “Варзиш”, “Душанбе HD”, “Илм ва табиат”, “Шаҳнавоз”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва шабакаҳои телевизионии минтақавии “Бадахшон”, “Суғд”, “Хатлон” ва “Кўлоб” бо мақсади таъмини сабти пурра ва инъикоси рўйдоду чорабиниҳои муҳими дохилию хориҷӣ, аз ҷумла ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соли 2025 эълон шудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун “Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо”, сафарҳои дохилию хориҷӣ ва вохўрию мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷумҳуриҳои дигар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, рафти баргузории ҷашну идҳои миллию давлатӣ ва касбӣ, инчунин, тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъоти муҳимро омода намуда, манзури бинандагон гардониданд.
Тавре дар маърӯзаи раиси кумита таъкид гардид, Радиои Тоҷикистон, шабакаҳои радиоии «Овози тоҷик», «Садои Душанбе» ва «Фарҳанг» дар давраи ҳисоботӣ беш аз 5040 барнома ва тариқи 5687 нашри иттиллоотӣ 35660 хабару гузоришро тақдими шунавандагон намуданд. Бо вуҷуди муваффақиятҳо ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пешниҳод карда шуд, ки тарзу услубҳои нав ба нави пешниҳоди барнома, гузориш, хабар ва дигар жанрҳо амалӣ карда шавад. Ҳамчунин бо назардошти рушди технологияҳои муосири рақамӣ ва интернет тақвият бахшидани фаъолияти сомонаҳои расмӣ ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоии шабакаҳои телевизион ва радиоӣ давлатӣ муҳим шуморида шуд.
Зимни баромад, ҳамчунин фаъолияти идораҳои телевизион ва радиои вилоятҳо ва сохторҳои дигари зертобеъи кумита мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин аз ҷониби роҳбарияти кумита дастуру супоришҳо дода шуданд.
Сипас мудири шуъбаи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода баромад намуда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти хешро оид ба беҳтарсозии сатҳу сифати маводи телевиизонӣ ва радиоӣ манзур намуд.
Дар интиҳои ҷаласа аз рӯи баромадҳо аз ҷониби аъзои мушовара қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Котиби матбуот
И.Ахмедов