Эмомалӣ Насриддинзода: «Пазируфтани ташаббусҳои Пешвои тоҷикон аз ҷониби СММ бори дигар аз нуфузи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад»

Submitted by admin on Sat, 17/12/2022 - 11:15
Tajikistan
ch

Тавре қаблан иттилоъ додем, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ин хабари хуш мояи сарфарозӣ ва ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА дар ин бора чунин изҳори назар кард:

— Қатъномаи мазкур яке аз катъномаҳои нодир маҳсуб мешавад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дарҷ гардидааст.

Ба ин муносибат дирӯз Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид. Зимни он Сарвари давлат ҳамватанонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ самимона табрик ва изҳори умед кардаанд, ки «бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад».

em

Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми мушкилоти мавҷуда ба самтҳои алоҳида таснифбандӣ гардидаанд. Миёни мушкилот ва муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза баромад менамояд, ба мушкилоти рақами якуми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ ин ва дигар масъалаҳо, махсусан мушкилоти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат чунин иброз менамоянд: “…тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”.

Бояд таъкид намуд, ки тамоми ҳадафҳои кишвари мо ба суботи экологии сайёра равона гардида, бештар хислати прогрессивӣ доранд. Яъне, тамоми тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардонида мешаванд, ояндаи миёнамуҳлат ва дурнамои соҳаи мазкурро фарогир мебошанд. Аз ҷумла:

21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Таҷрибаи ҳамкории байналмилалӣ ва узвият ба ташкилоти сатҳи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои моддӣ ва ғайримодии ин ё он халқу миллат одатан ба санаҳои муайян ва ё ҷашну рӯйдоди хоссаи мардумон пайванд мегирад. Чунин пайвандии санаҳои таърихӣ ба тамоми аҳолии кураи Замин муҳим будан ва масъалаи меҳварӣ ба ҳисоб рафтани рӯйдодро бори дигар хотирнишон месозад.

Аз ин рӯ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббус нишон дода шуд.

Бо назардошти пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шуд.

21 март муайян гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо басо рамзӣ ва падидаи нек аст. Зеро ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони “ҳавзаи Наврӯз” ҷашни байналмилалии Наврўзро бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Яъне аз ҷониби СММ муайян шудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдоми СММ бори дигар нуфузи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи объектҳои гуногуни экологӣ таҷлил намудани якчанд санаи байналмилалӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, 22 апрел – Рўзи байналмилалии Замин, 5 июн – Рўзи ҳифзи муҳити зист, 4 октябр – Рўзи байналмилалии ҳайвонот, 11 декабр – Рўзи байналмилалии кӯҳсор ва ғайра.

21 март пешбинӣ гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ ба ҳифз, нигоҳдошт ва аҳамияти муҳим доштани пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун манбаи обии сайёраи Замин равона гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва фароҳам овардани заминаҳои ташкилӣ-ҳуқуқии муайяннамоии Рўзи байналмилалии ҳифзи онҳо чораҳои мушаххаси амалӣ роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, дар кишвар барои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо то кунун як барномаи давлатӣ ва ду стратегия бавосита қабул гардида, амал карда истодаанд, ки мазмуну моҳият ва ҳадафи амалисозии онҳо ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои болозикр равона гардидааст. Яке аз чунин санадҳо Барномаи давлатӣ оид ба омўзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 тасдиқ шудааст. Дар ин барнома ҳадафҳои созанда ва муқаррарот ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи дақиқе, чун Рўзи ҳифзи пиряхҳо ҷой доранд.

Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Тағйирёбии глобалии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологиест, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш ва мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай аз худ дарак дода истодааст.

Об дар ҷаҳон, махсусан Осиёи Марказӣ неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақавист. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян карда шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад. Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об торафт зиёд мешавад. Дар шаст соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақа аз 20 миллион ба 65 миллион нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расида, мувофиқи пешгӯиҳои илмӣ, ин талабот то соли 2030 боз то 20 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард.

Ҳамин аст, ки ба масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Кишвари мо тайи 20 соли охир ташаббускори фаъоли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи глобалӣ маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо сарварии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷойгоҳи калидиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ касб намудааст.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якчанд ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари СММ баромад намуданд. Дар соҳаи сиёсати байналмилалии обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин Даҳсолаи байналмилалии «Амал об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад.

Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои оби дар ихтиёрдоштааш оқилона истифода намояд.

Тоҷикистон дорои захираи фаровони обист ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал, агар бориши зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар, пиряхҳоест, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (кӯҳнаи) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд.

Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.

Албатта, ин пазироӣ ба сифати кишвари ташаббускор асосҳои худро дошта, дар ин замина то ба имрўз дар аксари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои экологӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зикри худро ёфтаанд.

Алалхусус, дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби нўшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини аманияти экологии инсоният қарор гирифтааст.

Дар ҳамин раванд соли 2008 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардида буд: «Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад».

Албатта, дар мавриди зикршуда ҳолати таъсири нобасомони гармшавии иқлимро нисбат ба пиряхҳо мушоҳида карда метавонем, ки дар ҳолати чораҷўйӣ накардан аз ҷониби мамлакати алоҳида ва ё дар якҷоягӣ давлатҳои минтақа ва ҷаҳон метавонад ба оқибатҳои ногувори табиӣ оварда расонад. Дар баробари ин, обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ сохташуда, неругоҳҳои барқию обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта бошад, зеро аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об дар гардиш метавонад ба ин оқибатҳои ишорагардида оварда расонад.

Дар баробари ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 таъкид ба амал оварда шудааст, ки “тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.

Натиҷаи кўшишҳои Роҳбарияти олии мамлакат буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Дар баробари ин, бояд аз мадди назар дур насозем, ки масъалаҳои экологӣ, алалхусус таъмини ҳифзи пиряхҳо метавонад ба суботи экологии наслҳои ояндаи аҳолии Тоҷикистон ва ҳатто минтақа созгор бошад. Бинобар ин, бояд боз ҳам масаъалаҳои робитаҳои берунӣ оид ба беҳсозии вазъи мавҷудаи захираҳои пиряхҳои ҳудуди мамлакат ва омўзиш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи онҳо ҷоннок карда шаванд.

Мутаассифона, таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд. Чунин ҳолат таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, бисёр возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.

Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (шаҳри Душанбе, тариқи маҷозӣ (онлайн), 23 апрели соли 2022 таъкид ба амал оварданд, ки “Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванд мебошанд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад”.

Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устувор будан ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд.

Бо дарназардошти андешаҳои болозикр бояд таъкид намоем, ки эҳтимол дар натиҷаи гармшавии иқлим дар бисёр минтақаҳо ғайричашмдошт бо суръати таҳдидкунанда обшавии пиряхҳо, ки манбаи оби нӯшокианд, ба назар мерасад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо давоми панҷоҳ соли охир дар кӯҳҳои Помир, ки ганҷинаи табиии оби тоза мебошанд, захираи пиряхҳо ду баробар кам шудааст. Агар ин ҳолат бетағйир монад, оқибатҳои онро тасаввур кардан мушкил нест.

Ҳолати болозикр яке аз омилҳои меҳварӣ дар нобудшавии захираҳои муҳими пиряхҳо дар дилхоҳ минтақа ба шумор меравад, ки ҳолати буҳронӣ маҳсуб мегардад.

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки талафоти солона аз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи иқлимӣ 600 миллион доллар ё 4,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Албатта, вазъи мазкур барои кишвари мо аз нигоҳи иқтисодӣ талафоти молиявии бузург маҳсуб мешавад. Бинобар ин, тадбирандешӣ дар ҷодаи ҳифзи пиряхҳо ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ таъсир мегузорад.

Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар доираи «Маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим» чунин зикр намуда буданд: «Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад. Дар ин замина мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи мушаххасе ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Ҳамчунин, мехоҳам бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шавам. Итминон дорам, ки қабули ин иқдомот ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ҷиҳати дар сатҳи глобалӣ андешидани чораҳои дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо такони тоза хоҳад бахшид».

Бо дарназардошти пешниҳоди маҳз ҷониби Тоҷикистон оид ба таъсис намудани «Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишварҳои аъзо қарор бобати “Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо”-ро қабул кард. Ҳолати мазкур боз як қадами устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти дастгирии ташаббуси кишвари алоҳида буда, дар ин замина омодагии ҷомеаи башариро ҷиҳати таъмин намудани бехатарии захираи пиряхҳои сайёраи замин исбот намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ташкили Фонди мазкур бевосита ба он равона мегардад, ки аз ҳисоби манбаъҳои захиравии он ба кишварҳо ва давлатҳои алоҳида, ки дар самти дастрасӣ ба ҳифзу нигоҳдошти пиряхҳо ҳамчун манбаи захираҳои обӣ эҳтиёҷ доранд, дастгириҳо ва кумакҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо соли 2025 дар шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳошияи “Иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)”, чунин иброз намуда буданд: «Мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзуъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем. Мо, ҳамчунин, дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об тарҳи Рӯзномаи амал дар соҳаи обро, ки бояд уҳдадориву амалҳоро дар чорчӯби Конфронси соли оянда ба ҳам оварад, манзур намудем. Итминон дорам, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург моро дастгирӣ хоҳанд кард».

Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчўби пешниҳодҳои болозикри ҷониби Тоҷикистон дар соли 2025 дастгирӣ ёфтани баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари азизи мо аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон бозгўйи давлати пешоҳанг ва бунёдгузори ташаббусҳои созандаву фарогир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳақиқат баргузории конфронси мазкур метавонад барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.

Бо дарназардошти ин, аз ҷониби СММ ташаббуси кишвари мо якдилона пазируфта шуд, ки ҳолати мазкур некбинона ва ояндасоз будани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд.

Дар баробари ин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои милливу байналмилалӣ ва мақсаднок гузаронидани Конфронси болозикр вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти байналмилаливу ҷамъиятии дар ҳудуди кишвар фаъолияткунандаро зарур аст, ки мушкилот, масъалаҳо, мавзӯъҳо ва таҳқиқоти илмиву амалии марбут ба ҳифзи прияхҳоро коркард намуда, ҷиҳати чораандешии дарозмуҳлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои баррасӣ дар ҳамоиши мазкур пешниҳод созанд.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»