Дар Муассисаи давлати вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.
Фестивал-озмун дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2023» ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, аз рӯи 12 бахш баргузор шуд.
Дар фестивал-озмун ба ҳунармандону иштирокдорон 105 хол сазовор дониста шуд.
Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023»- рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, чалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани сатҳи ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба беҳтарин бахшу иштирокчиёни фестивал-озмун Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.