КОРВОНИ ИТТИЛООТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН. Ҳайати он бо боғу осорхона ва ҷараёни сохтмони иншоот дар Рашту Лахш ва Тоҷикобод шинос гардид

Submitted by admin on Thu, 24/08/2023 - 15:43
Tajikistan
123

Ҳайати рӯзноманигорони мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 22-23 август бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба ноҳияҳои Рашту Лахш ва Тоҷикобод сафари эҷодӣ анҷом доданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Ҳайати рӯзноманигорон дар ин сафар, аз ҷумла бо нигораҳои таърихии осорхонаҳои ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод ва осорхонаи таърихии ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Мирзошоҳи Акобир дар ноҳияи Рашт шинос гардида, аз таъриху фарҳанги гузаштаи водии Рашт бохабар шуданд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур ба рӯзноманигорон вобаста ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияҳо маълумот доданд. Меҳмонон ҳамчунин бо Маркази хизматрасонии таъмир ва истеҳсоли мизу курсӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ва коргоҳи истеҳсолии либоси мактабии «Сумая»-и ноҳияи Лахш шинос шуданд.

Устои Маркази хизматрасонии таъмир ва истеҳсоли мизу курсӣ дар ноҳияи Тоҷикобод Абдулмумин Ғафурзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки «коргоҳ соли гузашта бунёд шуда, муштариёни асосияш аз муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Тоҷикободу Лахш мебошанд. Пеш аз оғози соли нави таҳсил сафи муштариён аз ҳисоби муассисаҳои таълимӣ хеле меафзояд. Аз ин хотир мо ба таври шабонарӯзӣ барои мактаббачаҳо мизу курсӣ истеҳсол намуда истодаем. Мо ҳамчунин дар ин маркази хизматрасонӣ мизу курсиҳои шикастаи муассисаҳои таълимиро бо нархҳои дастрас таъмири пурра менамоем».

Намояндаи коргоҳи истеҳсоли либоси мактабии «Сумая»-и ноҳияи Лахш Фаридун Салимов гуфт, ки «соли равон мо 7000 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол ва ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи ярмаркаҳои либос пешниҳод намудем. Дар коргоҳи мо истеҳсоли либоси мактабӣ бо сифати хуб ба роҳ монда шуда, ҳамкории волидайни хонандагон бо коргоҳ низ хуб аст. Фаъолияти коргоҳи истеҳсолӣ мавсимӣ буда, ҳамасола даҳҳо нафар занҳои хонанишинро бо кори мавсимӣ таъмин менамоем».

Дар доираи ин сафари эҷодӣ рӯзноманигорон бо фаъолияти боғпарварони хоҷагии деҳқонии «Бурҳониддин»-и ноҳияи Тоҷикобод, Боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам»-и кишваршинос, ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Мирзошоҳи Акобир, Боғи интенсивии «Пайванд-Рашт»-и ноҳияи Рашт ва хоҷагии деҳқонии «Ҳавлобек»-и ноҳияи Лахш шинос гардиданд.

Мувофиқи иттилои роҳбарони ин боғҳо, дар ҳамаи ин хоҷагиҳо зиёда аз 17 намуди меваҳо парвариш меёбанд. Аз ҷумла, зиёда аз шаш намуди себ, олу, намудҳои гуногуни нок, хуч, шафтолу ва дигар меваҳо мавҷуд мебошанд, ки имсол ҳосили фаровон доранд. Парвариши меваҳо бо усули нави сари вақт бо обу ғизо таъмин намудан амалӣ мегардад. Харидори асосии ҳосили ин боғҳо соҳибкорони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ мебошанд, ки пеш аз ҷамъоварии ҳосил фармоиш медиҳанд. Дар боғҳои мазкур даҳҳо нафар аъзои оилаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ кор менамоянд, ки ҳосили боғҳо сабаби асосии даромади оила ва рӯзгузаронии онҳо мебошад.

Дар деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод рӯзноманигорон бо лоиҳаҳои рушди деҳа шинос шуданд. Деҳаи мазкур дар айни замон дорои Бунгоҳи тиббии замонавӣ, муассисаи таълимӣ, маркази фарҳангии ҷавонон мебошад. Бо дастгирии шарикони рушд ва саҳми маҳал аз масофаи 23 километр ба деҳа оби нӯшокӣ овардаанд, ки дар натиҷа 600 хоҷагии ин деҳа ба хати оби нӯшокии алоҳида пайваст мебошанд.

Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои 60 оилаи ятиму камбизоат манзили истиқоматӣ сохта истодаанд, ки соли 2024 ба оилаҳои ниёзманд туҳфа мешавад. Ҳамаи хонаҳо дар асоси як тарҳ бунёд шуда, аз 3 ҳуҷра ва утоқҳои маишӣ иборат мебошанд. Дар айни замон 50 фисади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, насби бомпӯш, дару тиреза ва рангу бор боқӣ мондааст.

Барои 60 оилаи камбизоату ятимдор мактаб, бунгоҳи тиббӣ, маркази ҷавонон ва як корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад. Роҳбари маҳаллаи мазкур Мустаонӣ Ваҳҳобзода иброз дошт, ки соҳибони манзилҳо аллакай аниқ буда, онҳо бо пешниҳоди шурои деҳаҳо аз ҳисоби оилаҳои камбизот, афроди ятим ва оилаҳое, ки манзилҳояшон дар натиҷаи омадани сел тахриб шудаанд, интихоб гардидаанд. Аз ҳар деҳаи ноҳия 2 оила ба мақомоти иҷроия пешниҳод шуда, рӯйхати онҳо мавҷуд аст.

Рӯзноманигорон дар ин сафари корӣ бо ҷараёни истеҳсоли картошка дар хоҷагии деҳқонии «Умед»-и ноҳияи Лахш шинос шуданд. Сарвари хоҷагӣ Омина Сафарова соли 2021 барои рушди соҳаи картошкапарварӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ сазовори 20 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ гардид. Имсол ҳам замини хоҷагии деҳқонии модарашро ба иҷора гирифта, дар майдони 1,30 га картошкаи навъи маҳаллӣ шинонидааст. Ҳосилнокии картошка хуб буда, охирҳои моҳи сентябр ҷамъоварӣ мешавад. Омина Сафарова гуфт, ки ҳар сол то 40 ҳазор сомонӣ фоидаи тоза ба даст меоранд.

Теги