Дар Душанбе Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

Submitted by admin on Thu, 14/09/2023 - 10:27
Tajikistan
123

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш  дар чаҳорчӯби Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст,  доир мегардад.

Дар форуми мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон ва Вазири инноватсия, саноат ва савдои Узбекистон иштирок доранд.

Дар нишасти мазкур  баъди сессияи пленарӣ 3 сессия дар мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян намудани дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ» гузаронида мешаванд.

Теги