Имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Чаба Короши ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли ифтихор мехостам Шуморо ба муносибати муваффақона қабул гардидани Қатънома зери унвони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 сурат гирифт, табрик намоям.
Итминони комил дорам, ки қабул гардидани ин Қатънома ба баррасии аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи даври гидрологӣ ва мушкилиҳои ногузир, ки обшавии босуръат ва коҳиши пиряхҳо барои муҳити зист, тандурустии инсон, рушди устувор ва пойдории таъминоти об ба вуҷуд меоваранд, мусоидат хоҳад кард.
Умедворам, ки ширкати фаъоли Шумо дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 натиҷаҳои назаррас ва пешниҳодоти амалию таҳаввулофаринро ҷиҳати пайдо намудани ҳалли устувори масъалаҳои марбут ба об дар ҳавзаи дарёҳои аз пиряхҳо ибтидогиранда ба бор хоҳад овард.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».
АМИТ «Ховар»