Соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик давраҳои тиллоии ҳаёти давлат ва миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва азму иродаи қавии давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд.
Чун ба таърихномаи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка назар намоем, маълум мегардад, ки нахустин маротиба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ моҳи сентябри соли 1993 суханронӣ намудаанд. Соли 1993 Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ҳарчанд ҳокимияти қонунӣ барқарор ва Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, вале мансабхоҳону пастфитратон ва бадхоҳони миллат пайваста ба қатлу куштор, ташкили бетартибиҳо ва ҷангу хунрезиҳои миллаткуш даст мезаданд.
Новобаста ба мушкилию нооромии ҳамон солҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин суханронӣ аз минбари баланди СММ ҳарфи саодати инсоният гуфтанд ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба оқибатҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ, ки Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дучори он гардида буд, ҷалб намуданд. Инчунин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиқ ва дастгирии ҳадафҳои сулҳҷӯёна дар тамоми сайёра даъват намуданд. Зимни суханронӣ дар иҷлосияи 58-уми Маҷмаи умумии СММ дар таърихи 30 сентябри соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор намуда буданд: «Мо ҳамаи шаклҳои терроризмро бо ҳар воситае, ки зӯроварӣ ва воҳимаандозӣ нисбат ба одамони бегуноҳ ҳақ бароварда нашаванд, қатъан маҳкум намуда, ба муқобили онҳо мубориза хоҳем бурд. Дар ин мубориза, ки дар ҷараёни он танҳо бо роҳи ҷидду ҷаҳди дастҷамъӣ пирӯз гаштан мумкин аст, ба интихоб ва меъёрҳои дутона роҳ додан мумкин нест.
Вале мусаллам аст, ки терроризмро танҳо бо роҳи ҷанг несту нобуд намудан имконнопазир аст. Инчунин ҳамин нуқтаи назар хато аст, ки ин зуҳуроти номатлуб дар ин ё он дин ё фарҳанг реша давондааст. Решаҳои терроризм на танҳо дар заминаи қабул накардани демократия фурӯ рафтаанд, балки терроризм дар заминаи беадолатӣ ва азобу шиканҷаи одамон, ҳавобаландӣ ва худсарии баъзеҳо ва маҳдуд сохтани ҳуқуқи дигарон нашъу намо меёбад.
Терроризм дар ҷое зоҳир мегардад, ки дар он ҷо «як ҳақиқати мутлақ» ба ҳақиқати дигар муқобил гузошта мешавад. Терроризм бо муноқишаи тамаддунҳо ва вусъат додани муколамаи фарҳангҳо, ки Ассамблеяи генералии СММ соли 1998 ба он ибтидо гузошта буд, ягон умумият надошта бошад ҳам, ба ҳусни тафоҳум бештар мусоидат намуд ва он имрӯз хеле коҳиш ёфтааст.
Муколама ҳамеша аз ҷанг дида муфидтар ва амалитар мебошад. Муколама ҳамеша имкон медиҳад, ки худро аз тарсу ваҳм ва нобоварии муносибатҳои байналхалқӣ озод созем. Муколамаро истифода бурда, ҳамкории байналхалқиро ба маҷрои бунёдкорӣ равона намудан мумкин аст».
Сарвари давлат аз минбари баланди СММ пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорию ҳамгироии доимӣ дар роҳи пешгирии амалҳои ҷангҷӯёна дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дигар қитъаҳои олам даъват намуда, пешоҳанги тадбирҳои бузург ва муколамаҳои созанда дар самти пешгирӣ аз ҷангу низоъҳои дохилӣ ва терроризму экстремизми байналмилалӣ мебошанд.
Ҳамин тариқ, дар суханрониҳои нахустин аз минбари баланди СММ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳарфи сулҳу оромӣ ва амнияту суботи Тоҷикистон ва ҷаҳонро мегуфтанд. Баъди таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди ташаббусҳои бузургу беамсоли ҷониби Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид ва миллати тоҷику Тоҷикистон дар ақсои олам ҳамчун давлат ва миллати сулҳхоҳу ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва шинохта шуд.
Дар иҷлосияи 58-уми Маҷмаи умумии СММ дар таърихи 30 сентябри соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти марбут ба обу иқлим дар сайёра ёдовар шуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилоти фоҷеабор даъват намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин изҳор доштанд: “Мо аз он хушнудем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоди Тоҷикистонро дар бобати Соли байналхалқии оби тоза эълон намудани соли 2003 руҳбаландона дастгирӣ намуд. Тавре ки ҳамагон шоҳиданд, ин пешниҳод саривақтӣ буда, орзую умедҳои моро ҳақ баровард.
Нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар саросари олам ҳар сол барои истеҳсоли миқдори зарурии озуқа торафт бештар об зарур мешавад.
Барои исботи ин далел чунин рақамҳоро мисол меорам- дар миқёси ҷаҳон тақрибан як миллиарду 200 ҳазор нафар аз истифодаи оби тоза маҳрум мебошанд, ҳар сол зиёда аз панҷ миллион нафар аз бемориҳое вафот мекунанд, ки ба истифодаи оби ифлос вобастаанд. Аз рӯйи ҳисоби муассисаҳои озуқа ва кишоварзии СММ, баъди 30 сол барои бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ нисбат ба давраи ҳозира зарурати 60 фоиз бештар об ба миён хоҳад омад. Пешгӯйӣ карда мешавад, ки то соли 2030 ҳар панҷумин мамлакати рӯ ба инкишоф аз нарасидани об ба душвориҳои калон рӯбарӯ хоҳад гашт. Бинобар ин чӣ дар бобати беҳтар намудани технология ва чӣ идораи захираҳои об барои таъмини тараққиёти иқтисодӣ ва сабуктар сохтани бори гарони камбизоатӣ гузоштани маблағҳои зиёд зарур аст.
Ман дар асоси даъвати 1 сентябри соли 2003 қабулнамудаи иштирокчиёни анҷумани байналхалқӣ бахшида ба проблемаҳои оби тоза дар Душанбе пешниҳод менамоям, ки аз соли 2005 то соли 2015 Даҳсолаи байналхалқии оби тоза эълон карда шавад. Қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералӣ роҷеъ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ғояи оби тозаро мантиқан инкишоф дода, ба нуктаҳои Эъломияи ҳазорсола мувофиқ мебошад, ки он вазифаи то соли 2015 ду баробар кам намудани теъдоди одамони аз истифодаи оби тоза маҳрум ва дар шароити бади санитарӣ зиндагикунандаро ба миён мегузорад.
Эълони даҳсолаи оби тоза имкон медиҳад, ки проблемаҳои нарасидани об — ин сарвати умумии башарият ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад. Ин барои бақои ҳаёт дар Замин ва таъмини рушди устувор аҳамияти фавқулода муҳим дорад».
Хадаф аз ёдовар шудан аз суханрониҳои нахустини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ он аст, ки ҳар як сухани Пешвои миллат дар СММ фарогири манфиат, пешрафт ва зиндагии орому шоистаи на танҳо мардум ва давлати Тоҷикистон, балки ҷаҳон ва тамоми сокинони сайёра мебошад.
Ин навбат низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иштирок дар чорабиниҳои СММ дар шаҳри Ню Йорки ИМА самаранок истифода намуда, бо сарони дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳбарияти сатҳи баланди СММ ва ниҳодҳои он маҷмуи вохӯрӣ ва суҳбатҳои хосса гузаронданд. Барномаи сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню Йорк пурмуҳтаво ва фарогири иштирок дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд буд. Давоми рӯзҳои 18-21 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуда, доир ба масоили густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷониба бо СММ ва ниҳодҳои он, инчунин ҳамкории густурдаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ню Йорки ИМА Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Вохӯрии Сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико», Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” ва мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд боз ҳам рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироии дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии байналмилалӣ ва ҳалли дастҷамъонаи мушкилоти мубрами сайёра мақоми меҳварӣ доштанд.
Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар Вохӯрии Сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои давлатҳоро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор комилан дастгирӣ менамоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ҳамчунин ба масъалаи афзоиши таҳдиду хатарҳо, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи сиёсии Афғонистон ва ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар ин раванд ҳамкорӣ ва мусоидати шарикони байналмилалиро зарур шумурданд.
Дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкории муассир бо шарикони рушд изҳор дошта, пешниҳод намуданд, ки давлатҳои ҷаҳон бояд сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро пеш гирифта, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзуи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб мешавад ва воқеияти имрӯзи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид карда шавад.
Дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти обу экология ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид намуда, оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим — гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин камобӣ ва гуруснагӣ аҳли башарро пешорӯйи хатари ҷиддию фоҷеабор қарор додаанд. Тавре Сарвари давлат таъкид намуданд, бо дарназардошти шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки ҷаҳониён имрӯзҳо шоҳиди таҳаввулоти нигаронкунанда дар арсаи байналмилалӣ гардидаанд, саъю талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи ин хатару таҳдидҳо ва расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи-2030 амри ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад.Муҳимтар аз ҳам Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ барои эҳтироми арзишҳои олии инсонӣ, динӣ ва нажодӣ сухан гуфтанд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳидӣ, ҳаракат ба сӯи ҷаҳоне, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад, инчунин ба пешгирӣ аз таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башарият ва маҳкум намудани онҳо даъват намуданд, ки дар таърихи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияҳои Маҷмаи умумии Созмони Миллали Мутаҳид аз ҷумлаи аввалин даъватҳои ҷаҳонӣ дар ин самт аст.Илова барин ин даъватҳо бо забони шево ва озодаю ноби тоҷикӣ аз ин минбари баланди ҷаҳонӣ садо дода, бори дигар мояи ифтихору сарфарозии Тоҷикистон ва тоҷикони дунё гардид. Ниҳоят хушоянду фараҳафзо аст, вақте, ки ҷаҳон пешниҳоду ташаббусҳо ва даъватҳои нав ба нави Пешвои муаззами миллати моро бо забони модарӣ, забони давлатии тоҷикӣ мешунаванд.
Дар зер чанд нуктаи муҳим аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид барои хулосаи хонанда пешниҳод мешавад. Суханронии охири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар суханрониҳо аз минбари баланди СММ ҳарфи саодати инсоният, рушди ҳамкорию ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, сулҳ ва амнияту оромӣ, инчунин дастҷамъию муштаракот дар ҳалли мубрамтарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.
- Мавзуи ҷаласаи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро зери унвони «Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар саммити сулҳ, шукуфоӣ, пешрафт ва устуворӣ» иқдоми саривақтӣ шуморида, аз он истиқбол менамоем.
- Мо дарк менамоем, ки раванди ҳамбастагӣ, маблағгузорӣ, татбиқи уҳдадориҳо ва дигар чораҳои амалӣ бояд тақвият дода шаванд ва ин амр тағйироти воқеан бунёдиро тақозо менамояд.
- Мо аз иқдомоти Дабири кулл дар самти татбиқи Рӯзномаи-2030, аз ҷумла ҳамасола ҷудо намудани ҳадди ақалл 500 миллиард доллар ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва хурди ҷазиравӣ барои суръат бахшидан ба ин раванд истиқбол менамоем.
- Мо инчунин ислоҳоти низоми байналмилалии молиявиро бо мақсади таъмин намудани маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба иқлим ҷонибдорӣ мекунем.
- Тавре ки ҳамаи мо мушоҳида менамоем, таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад. Соли равон мо шоҳиди ҳарорати баландтарини ҳаво дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидем. Тибқи гузориши охири Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ бо номи «Вазъи иқлим», гармшавии ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.
- Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар рӯзномаи глобалии об ва иқлим ҷиҳати рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо ва созмонҳо минбаъд низ талош хоҳад кард.
- Дар шароити муосир ташаккули иқтисоди «сабз» яке аз вазифаҳои мубрами инсоният гардидааст.
- Истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад барои рушди тавлиди энергияи “сабз” дар тамоми минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
- Дар ҷаҳони имрӯза ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамгироӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ин ба давлатҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷориро ҳал намуда, ба пойдории сулҳу субот мусоидат намоянд ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.
- Дар натиҷаи тадбирҳои муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ фазои мусоид фароҳам омадааст.
- Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.
- Мо ният дорем, ки соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он баргузор намоем.
- Тоҷикистон бори дигар таъкид менамояд, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад.
- Ҷомеаҳои мо тавассути робитаҳои фарҳангӣ, урфу одат ва эътиқодоти гуногун ба ҳам пайванд мебошанд. Ин ҳамбастагӣ барои зисти осоишта дар фазои ҳамдигарфаҳмии фарҳангу динҳои гуногун заминаи хубе аст.
- Зуҳуроти тафриқаандозӣ, хусумати нажодӣ ва динӣ бо дарки пайомадҳои манфии онҳо ғайри қобили қабул мебошад. Амалҳои гуфташуда, инчунин тобиши сиёсӣ додан ба масоили дину мазҳаб метавонанд пояи ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳониро коста гардонанд.
- Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад. Чунин амалкардҳои иғвоангезона дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд.
- Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд.
- Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ зери унвони «Рушди муколамаи байнидинӣ ва фарҳангӣ ва таҳаммулгароӣ дар муқобила бо нафрат» бори дигар аҳаммияти муколамаю ҳамдигарфаҳмӣ байни тамаддунҳоро дар раванди таҳкими сулҳ таъкид менамояд.
- Мо чунин мешуморем, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.
- Биёед, дар муқобили амалҳое, ки моро аз ҳам ҷудо менамоянд, муттаҳид бошем ва ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад.
Барои мо тоҷикон мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки шинохти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои нави ҷаҳонӣ имрӯз фаротар аз Тоҷикистону минтақа гардида, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намудааст.
Таърихи инсоният низ шахсиятҳоеро кам дар ёд дорад, ки мисли Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар андешаи ояндаи дурахшон ва ҳаёти осоиштаи на танҳо давлат ва миллати худ, балки дар андешаи рушди устувори иқтисодию иҷтимоии сайёра ва ҳаёти босаодати насли инсон дар ҷаҳон бошанд. Даъвати он, ки “Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд” ва даъвати охири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ, ки “Биёед, дар муқобили амалҳое, ки моро аз ҳам ҷудо мекунанд, муттаҳид бошем ва ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад” ба маънои кулл собитгари шахсияти ватандори асил, нексиришт, хайрхоҳи инсоният,даъваткунанда ба эҳтироми арзишҳои олии инсонӣ, динӣ ва нажодӣ, хостори тараққиёти рӯзафзуни тамоми мамлакатҳои сайёра ва зиндагии шоистаи мардумони он будани Эмомалӣ Раҳмон –Пешвои Тоҷикистон ва тоҷикони дунё мебошад.
Таъкид намудан низ ба маврид аст, ки воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин чеҳраҳои шинохтаи ислом аст, ки барои ҳифз ва муқаддас доштани китоби Қуръон ва эҳтироми арзишҳои олии инсонӣ, динӣ ва нажодӣ аз минбари СММ садо баланд намуданд. Ин даъватҳо далели воқеии он аст, ки дар ҳақиқат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои миллати тоҷик балки барои тамоми насли инсоният шахсияти беназир, мунодию ҷонибдори асосии сулҳу дустӣ, пешрафту тараққиёт, амнияту субот ва муҳимтар аз ҳам барои тоҷикону оламиён ҳадяи нодиру нотакрори таърих мебошанд ва бо хислатҳои накӯи башардӯстӣ, ташаббускорӣ, хайрхоҳию саховатпешагӣ, поктинатию инсонпарварӣ сазовори тамоми қадршиносию арҷгузорӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон мебошанд.
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Директори АМИТ «Ховар»