ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст

Submitted by admin on Fri, 22/09/2023 - 10:25
Tajikistan
123

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сию ду соли истиқлоли давлатӣ чун давлати озоду мустақил таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самту соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Яке аз ин соҳаҳо воситаҳои ахбори омма (минбаъд — ВАО) мебошанд, ки рушди он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим арзёбӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки нақши ВАО аз давраи пайдоишу шаклгирии он дар ҳаёти ҷомеа, махсусан ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ хеле бузург буду ҳаст. Ҳамзамон мавриди таъкид аст, ки ин нақш дар охирин даҳсолаи қарни ХХ ва аввали асри XXI бо пайдоиши шабакаи ҷаҳонии Интернет ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ боз ҳам муҳимтар гардид.

ВАО дар Тоҷикистон дар замони сохти пешин пайдо ва ташаккул ёфт, аммо он то давраи касби истиқлоли давлатӣ зертобеи фазои иттилоотии ҳамон давра буд.

Фазои мустақили иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт. Гузашта аз ин, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ давлати мо дорои низоми ягонаи ВАО гардида, марҳала ба марҳала рушду инкишоф ёфта истодааст.

Асоси муътамади рушди ВАО-ро дар ҷумҳурии мо, қабл аз ҳама, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошт. Қисми якуми моддаи 30-юми Конститутсияи мамлакат чунин муайян менамояд: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад». Кафолате, ки Конститутсияи мамлакат ба шаҳрвандон додааст, сабаби он гардид, ки дар мамлакати озоду мустақили мо фарҳанги чандандешӣ густариш ёбад.

Дар баробари ин, дар қисми дуюми ҳамин модда таъкид мегардад: «Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст». Яъне, дар радифи озодии сухану чандандешӣ шаҳрвандони мамлакат, махсусан рӯзноманигорон бояд дар назди ҷомеа масъулияти бузург дошта бошанд ва ба хусумату бадбинӣ роҳ надиҳанд.

Қонуни асосии Тоҷикистон заминаи устуворе муҳайё сохт, ки дар мамлакат дар соҳаи ВАО қонунҳои алоҳида қабул гардида, фаъолияти навъу самтҳои гуногуни онро ба танзим дароваранд, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (1996), «Дар бораи иттилоотонӣ» (2001), «Дар бораи реклама» (2003), «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» (2008), «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» (2013) ва амсоли ин.

Дар ин радиф, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил ва баргузор кардани нишастҳои матбуотӣ» (№АП-1677, аз 04.03.2005) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба
маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (№ 622, аз 07.02.2009) ба густариши чандандешӣ мусоидат намуда, мақоми ВАО-ро дар ҳалли саривақтии масъалаҳои барои ҷомеа мубрам боз ҳам боло бурданд.

Яке аз муҳимтарин нишонаҳои рушди ҷомеаи иттилоотӣ, ки на танҳо ба таъсири дучандони ВАО ба ташаккули афкори омма мусоидат намуд, балки ба тағйирпазирии он оварда расонид, пайдоиш ва густариши шабакаи умумиҷаҳонии Интернет мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз менамоянд: «Мо дар замоне ҳаёт ба сар мебарем, ки воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии интернет дар ташаккулу танзими афкори ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Яъне дар замони муосир касе, ки иттилоотро идора карда метавонад, имкон дорад дар идоракунии афкори ҷомеа низ муваффақ бошад».

Дар ҳақиқат имрӯз нақши Интернет дар иттилоърасонии сареъ хеле бузург аст, аз ин лиҳоз чунонки иброз намудем, дар ин замина навъҳои дигари расонаҳо низ шакли фаъолияти худро тағйир додаанд. Аз ин рӯ, ба таври фаъол платформаи Интернетро мавриди истифода қарор медиҳанд, то ин ки иттилооти заруриро сари вақт ба аҳли ҷомеа манзур созанд ва дар мавриди ин ё он мушкилот ба афкори ҷомеа таъсир расонанд.

Ин аст, ки матбуот, телевизион ва радиои ватанӣ дар баробари пахши анъанавӣ, инчунин ба василаи сомонаҳои худ дар Интернет ба хонандагону шунавандагону бинандагон дастрас мебошанд.

Расонаҳои муосир, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии Интернет дар баробари иттилооти муҳимму зарурӣ, инчунин, мутаассифона, маводи гуногуни носолимро низ пахш менамоянд, ки ба ахлоқи насли наврасу ҷавон, ки ҳанӯз шуури онҳо пурра шакл нагирифтааст, таъсири манфӣ мерасонад.

Ин омилро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд: «Дар замони пурталотуми ибтидои асри XXI робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва иттилоотиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам рӯз то рӯз вусъат меёбад. Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем».

Ин суханони пурҳикмати Роҳбари давлат бояд сармашқи кори на танҳо рӯзноманигорону аҳли эҷод, балки кулли шаҳрвандони мамлакат бошанд. Ҷаҳонишавӣ, ки ба рахна намудани фазои иттилоотии давлатҳо оварда расонидааст, масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ, ташаккули худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва талқини ифтихороти ватандориро ба мадди аввал баровардааст. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки дар ин замони пуртуғёну пуртаҳдид ҳар миллат, аз ҷумла миллати бостониву сарбаланди тоҷикро маҳз ахлоқи ҳамида ва арзишҳои волои аз ниёгонамон бамеросмонда метавонанд ҳифз намоянд, ки аз таърих, фарҳанг, адабиёт ва дар маҷмуъ тамаддуни ҳазорсолаи мо сарчашма мегиранд.

Дар ин маврид нақшу ҷойгоҳи рӯзноманигорон, ки ВАО-ро бо маводи хеш пур менамоянд, хеле муҳим аст. Ин муҳиммият, қабл аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки рӯзноманигор бояд ба арзишҳои миллӣ садоқат дошта, манфиатҳои Ватани соҳибистиқлоли худро ҳимоя намояд, яъне шахсияти баркамол бошад. Вай дар тарбияи ахлоқӣ саҳмгузор буда, чунонки дар «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» омадааст, «ҳангоми инъикоси ҳама гуна мавзуъ бояд назокатҳои ахлоқи миллиро пос дорад. Ба интишори иттилоот ва маълумоте, ки бадахлоқиро таблиғ мекунанд ва ахлоқи миллиро коста мегардонанд, роҳ надиҳад».

Аз ин рӯ, дар донишгоҳу донишкадаҳое, ки барои ВАО-и мамлакат кадрҳои рӯзноманигорӣ омода менамоянд, махсусан муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мақоми байнидавлатӣ дошта, раванди таҳсил дар асоси стандарту барномаҳои таълимии муштарак ҷараён мегирад, ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ ва арҷгузории онҳо ба таъриху адабиёту фарҳанги миллӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир шавад.

Дар замони имрӯза вазъе ба миён омадааст, ки на танҳо давлатҳои алоҳида бояд фазои иттилоотии хешро ҳимоя намоянд, балки кишварҳои як минтақа низ сарҷамъона оид ба ин масъалаи муҳим сиёсати ягонаи худро матраҳ сохта, ба таҳрифи инъикоси воқеаҳо, ки аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд, сари вақт посухи муътамад диҳанд.

Бо назардошти ин масъалаи барои ҳифзи фазои иттилоотии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бениҳоят муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз 14 сентябри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки «Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад. Ин пешниҳоди саривақтии худро Пешвои муаззами миллат чунин тавзеҳ доданд: «Солҳои охир афзоиши сареи таваҷҷуҳи расонаҳои хабариро ба Осиёи Марказӣ мушоҳида менамоем. Фазои ВАО аз маълумоти гуногун, баъзан мухолиф ва таҳрифшуда дар бораи вазъи минтақа пур шудааст. Зарур аст, то барои ташаккули фазои иттилоотии дӯстии воқеӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, ки на ба тахмину фарзия, балки ба далелҳои ҳақиқӣ асос ёфта бошад, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».

Лозим ба таъкиди хос аст, ки ин ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди расонаҳои ҳамаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ҳамзамон ба инкишофи минбаъдаи ВАО-и ватанӣ ва тарбияи рӯзноманигорони сатҳи байналмилалӣ роҳи васеъ мекушояд.

Масрур АБДУЛЛОЗОДА,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Теги