Имрӯз, 12 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии муаррифии маркаҳои почтавӣ, ки ба муносибати 5-солагии Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба табъ расидаанд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин маросим роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Зимни маросим аз ҷониби ҳар намояндаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар маркаҳои ҷашнӣ нақши муҳри махсуси хотиравӣ гузошта шуд.
Маркаҳои ҷашнӣ, ки фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои Осиёи Марказӣ, инчунин бойгариҳои табиии минтақаро инъикос менамоянд, дар коллексияҳои филателистон мақоми хоссаро соҳибӣ менамоянд.