Аз ҷониби Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ ба имзо расид

Submitted by admin on Fri, 15/09/2023 - 10:53
Tajikistan
123

Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи мулоқоти панҷуми машваратӣ дар Душанбе панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки яке аз онҳо Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳадафи Созишномаи мазкур таҳкими ҳамкории устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика арзёбӣ мегардад. Инчунин санад ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои мултимодалӣ, сода намудани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, рушди хизматрасонии муосири нақлиётӣ-логистикӣ, татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, хусусан рақамисозии раванди ҳамлу нақл, ташвиқ ва рушди амалияи истифодаи намудҳои нақлиёти аз лиҳози экологӣ ҷавобгӯ мусоидат менамояд.

Имзои Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ аз ҷониби Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле аст, ки 13 сентябр дар Душанбе нахустин мулоқоти вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд.

Теги