Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки ба даври вилоятӣ 1337 нафар роҳхат гирифта, фаъолони озмун аз 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон иштирок доранд.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад. Довталабон дар номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишу маҳорат месанҷанд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.