Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Submitted by admin on Tue, 26/09/2023 - 14:33
Tajikistan
123

26 сентябр дар бинои Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сифатнок ва сари вақт таҳия намудани дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ мегардад.

Супориш дода шуд, ки вазорату идораҳои дахлдор то 1 июни соли 2024 лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2025 ва параметрҳои онро барои солҳои 2026-2027 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои якчанд қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат се пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуда, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Консепсияи сиёсати кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2043 ва Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардид.

Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ба вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои саривақтии дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

Супоришҳои дигар ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи тирамоҳу зимистон, захираи кофии молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва афзоиши истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ дода шуданд.

Теги