Аз шаҳри Ҳисор дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» 27 нафар довталаб иштирок намуда, 2 нафар бо гирифтани ҷойи дуюм ва 3 нафар ҷойи сеюм ба даври ниҳоӣ-ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» 13 шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, натиҷаҳои он аз ҷониби раиси ҳакамон- муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муродалӣ Иброҳимов эълон гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Ҳадафи озмун дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.