Тамошои дастаҷамъии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Fri, 23/12/2022 - 13:47
Tajikistan
пай

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба Маҷлиси Олӣ бо Паём муроҷиат намуданд, ки ҷараёни пахши мустақими онро дар баробари дигар вазорату идораҳои мамлакат кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастаҷамъона тамошо карданд.

Бояд гуфт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардид.  Ҳамзамон тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетии марбут ба сохторҳои Кумита ҷараёни пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат амалӣ карда шуд, ки ҳамватанони бурунмарзии мо имкон пайдо карданд, тавассути он ин пахши муҳимро дар хориҷӣ кишвар низ тамошо кунанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ҳамчунин дар нашрҳои хабарии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ ҷараёни тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар вазорату идораҳо, корхонаву муассиса, шаҳру навоҳии мамлакат васеъ инъикос хоҳад шуд.

Теги