Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳамасола 16 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ёдовар шудан бомаврид аст, ки айни замон банаворгирии филми муштараки «Дурахши ахтарон — Ҷомӣ ва Навоӣ» дар Тоҷикистон идома дорад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо коргардони ҷавон Файзулло Файз, ки ба кори банаворгирии филми муштараки «Дурахши ахтарон -Ҷомӣ ва Навоӣ» машғул мебошад, дар бораи рафти таҳияи ин филм суҳбат намуд.
Номбурда иброз дошт, ки ин филми таърихӣ бо ташаббуси Президентони Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба навор гирифта мешавад. Баъд аз ин «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» тасмим гирифтаанд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил дода, аз пайи амалӣ намудани ин идея шаванд.
Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон ба ҳайси коргардони филми мазкур Файзулло Файз интихоб шудааст.
«Воқеан, кори бисёр вазнинеро ба ман бовар намуда, супоридаанд. Дар ин кор бо ман муассисаи «Тоҷикфилм», олимони Ҷомишиносу Навоишинос ҳамроҳ ҳастанд. Мо ҳоло дар марҳилаи интихоби маконҳо расидаем. Интихоби маконҳои мо сари Тоҷикистон ва Узбекистону Туркия қарор гирифт. Ба наздикӣ нияти сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дорем. Ҳоло ҳамин чаҳор давлат макони наворбардорӣ интихоб шудаанд»,-мегӯяд Файзулло Файз.
Ҳамсуҳбати мо дар идома гуфт, ки «синамои тоҷик аз солҳои 2008-2009 фаъолтар шуд. Дар ин солҳо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» техника харид ва баъди ин коргардонҳо ба сохтани филмҳои достонӣ ва мустанаду аниматсионӣ шуруъ намуданд. Дар баробари ин баъзе муассисаҳои хусусӣ низ филмҳои мустанад ва ё филмҳои достонӣ месохтанд».
Ба андешаи ў, бо омадани як гурӯҳ ҷавонони навҷӯи филмбардор ба майдони кино ва фароҳам овардани шароит аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хосса бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои синамогарони ҷавон дари мактаби синамоӣ кушода шуд. Имрӯз ба дастовардҳои ҳамкасбонамон нигариста, бо дили пур гуфта метавонем, ки кинои тоҷик ояндадор мебошад.
Файзулло Файз ҳамчун коргардони ҷавон фаъолияташро соли 2017 аз банаворгирии филми «Таърихи синамо» оғоз намудааст. Баъдан филми кӯтоҳи «Таксӣ» ва чандин филмҳои дигарро ба навор гирифт. Танҳо филми «Такси»-аш тақрибан дар 10 ҷашнвора иштирок намудааст. Ин филм дар ҷашнвораҳои давлатҳои Осиёи Миёна қариб 7 -8 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овард.
Филми дигари коргардони ҷавон- «Бачаи обӣ» низ дар чандин синамоҷашнвораҳо иштирок намудааст. Бори охир он дар бахши филмҳои дарозмуддат дар Ҷашнвораи байналмиллалии синамо ва Анҷумани байналмилалии кинематографияҳои миллии «Золотая арка» ба номи Рустам Иброҳимбеков дар шаҳри Москва ҷоизаи «Беҳтарин филм» — ро соҳиб гардид. Ин 17-умин ҷашнвора барои «Бачаи обӣ» буд ва дар он филм соҳиби 8 ҷоизаи байналалмилӣ шуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»