Имрўз, 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими тантанавӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷоизаҳо супорида мешаванд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Раънои Нусратулло аз макони баргузории ин чорабинӣ.
Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои «математика», «физика ва астрономия», «химия», «биология», «география», «технологияи иттилоотӣ», «ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷамъбаст гардид.
Тибқи барномаи озмун, 27 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабул ва баррасии муроҷиатҳо (апеллятсия) баргузор шуда, ғолибон муайян шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 23 то 27 октябр баргузор шуда, дар даври ниҳоии он аз рӯи 7 номинатсия аз шаҳри Душанбе 132 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 79 нафар, вилояти Хатлон 128 нафар ва вилояти Суғд 120 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 120 нафар иштирок намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) соли сеюм аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Аз маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони ин озмун тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»