Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатиро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:05
Tajikistan
123

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатиро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғ дар кӯчаи Ҷавонон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии боғ 3,5 гектарро ташкил медиҳад. Даромадгоҳи иншоот бо усули меъмории миллӣ бунёд гардида, бо нақшу нигори диққатҷалбкунанда оро дода шудааст. Дар ҳудуди боғ беш аз 800 бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудаанд.

Ҳудуди боғро 4 фаввораи гуногун, ки бо истифода аз технологияи нав ва ба таври замонавӣ сохта шудааст, ҷилои дигар мебахшад. Роҳравҳо пурра сафолакпӯш шудаанд. Дар шафати роҳрав ва атрофи нишасткурсиҳову дигар гӯшаҳои боғ бо нигоҳи ҷадид ва аз рӯи дизайни ҷолиб 75 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шудаанд. Масоҳати майсазори иншоот ба як гектар баробар мебошад.

Дар дохили боғ иншооти хизматрасонӣ, аз қабили қаҳвахона бо 40 ҷойи нишаст, гӯшаҳои истироҳати калонсолон, нуқтаҳои дилхушии кӯдакона, майдончаи варзиш барои футболи хурд дар масоҳати 120 метри мураббаъ ва гӯшаи шоҳмотбозӣ фаъолият менамоянд. Майдончаи варзишӣ ва гӯшаи шоҳмотбозиро ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш ба таври замонавӣ сохтаанд.

Дар маркази боғ рамзи пирях гузошта шудааст, ки нишона аз дастгирию тарғиби ташаббуси байналмилаалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”- солҳои 2018-2028 ва соли соли 2025 – “Соли ҳифзи пиряхҳо” мебошад.

Дар ҳудуди иншоот барои таъмини фароғати наврасону ҷавонон 9 аттраксион васлу насб гардидааст. Муҷассамаи ҳайвонот ва парандаҳои нодир, ки моҳирона сохта шуда, дар ҳар гӯшаи боғ насб гардидааст, табиати бою рангини Тоҷикистонро бозгӯӣ менамояд.

Гулу дарахтони Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз 63 обпошаки замонавии ба таври автоматӣ фаъолияткунанда обёрӣ мешаванд. Дар қисми шимолии боғ гӯшаи қаҳрамонони ҷангу меҳнат ташкил гардида, нимпайкараи шахсиятҳои маъруф ва лавҳаҳои хотиравӣ гузошта шудааст.

Ҳудуди боғ дар шаб пурра чароғон ва рангин аст. Дар сутунпояҳои баландиашон 2, 3 ва 6-метра зиёда аз 300 чароғаки равшанидиҳанда ва ороишӣ васлу насб шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин боғи замонавӣ ба масъулон изҳори сипос намуда, истифодаи самараноки имконияти мавҷударо муҳим шумориданд.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ аз болои муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен парда бардоштанд.

Майдони назди муҷассама 750 метри мураббаъро ташкил дода, барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ мусоид мебошад. Атрофи муҷассама пурра сафолакпӯш ва сабзазор аст.

Муҷассамаро дар боғ ба хотири гиромидошти заҳматҳои қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен дар роҳи озодӣ гузоштаанд.

Муборизаи Спитамен барои истиқлол ва озодӣ дар саҳифаҳои таърихи гузаштаи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Баландии муҷассамаи навбунёд 12 метр буда, он аз тарафи ҳайкалтарош Хуршед Ҳусейнов бо маҳорати баланд сохта шудааст.

Дар гӯшаи дигари Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.

Ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ дар гӯшаҳои алоҳида ҳунарҳои кандакорӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, наққошӣ, ресандагию бофандагӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва армуғонҳои гуногунро муаррифӣ намуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ 5 маркази ҳунарҳои мардумӣ фаъолият менамоянд ва ҳунармандон дар хона ҳар гуна маҳсулоти ҳунармандӣ омода намуда, ба фурӯш мегузоранд. Дар марказҳои ҳунармандӣ баробари омода намудани ҳар гуна лавозимоти рӯзгор ва армуғон ҳамчунин ба сокинон, аз ҷумла ба наврасону ҷавонон ҳунарҳои дастӣ омӯзонда мешаванд. Тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ба рушди ҳунарҳои қадимӣ диққати махсус зоҳир шуда, дар ин замина ҳунармандон аз пардохти андоз озод гардидаанд. Ин омил ба эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик асос гузошт.

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати сокинони ноҳияи Рӯдакӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ҳарчӣ бештар фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба касбомӯзӣ масъулонро муваззаф намуданд.

Теги